Таҷлили Наврӯз дар вилояти Суғд

© Sputnik / © Sputnik / Стас ЭтвешДни Навруза на Старом Арбате в Москве
Дни Навруза на Старом Арбате в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар вилояти Суғд аз 17 март тантанаҳои Наврӯзӣ оғоз шуданд

ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд тантанаҳои идона бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ  чанд рӯз боз идома доранд. 

17 март раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҳамроҳи гурӯҳе аз шоирону нависандагон ба чанде аз шаҳру ноҳияҳо сафар намуда, дар тантанаҳои наврӯзӣ ширкат варзид, хабар медиҳад равобити умумии ҳукумати вилоят.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок дар тантанаҳои наврӯзии маҳаллаҳои Раззоқ ва Ҷаббор Расулови шаҳри Хуҷанд дар суҳбат бо сокинони маҳаллаҳо таъкид намуд, ки бо ибтикори Эмомалӣ Раҳмон мардум дар ҳама гӯшаву канори Тоҷикистон Наврӯзи хуҷастапайро ба таври васеъ ҷашн мегиранд.

Аз рӯи анъанаи дерин дар остонаи иди Наврӯз ҳар як фард ботини худро аз кинаву кудурат пок карда, манзилу хонаи зист, сару либос ва тамоми ашёи рӯзгорашро тозаю ороста менамояд.

Праздничные мероприятия в праздник Навруз в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Дуои раиси вилоят дар сари деги суманак: таҷлили Наврӯз дар Суғд

Дар маҳаллаи Раззоқи шаҳри Хуҷанд Раиси вилоят ва аҳли зиё ҳамзамон бо намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсули дасти пазандагони моҳир — муҳассилини макотиби маҳалла шинос шуданд.

Раҷаббой Аҳмадзода бо сокинони маҳалла, махсусан бо мӯйсафедон сӯҳбати самимӣ намуда, аз онҳо дуои неки наврӯзӣ гирифт. Дар сари деги суманак баҳри ободии диёр ва шукуфоии Ватан дасти дуо бардошта шуд.

Раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагон, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод ва ходими давлатию ҷамъиятӣ, собиқадори меҳнат Биҳоҷал Раҳимова дар бораи файзу фазилатҳои неки Наврӯз ибрози андеша намуданд.

Лентаи хабарҳо
0