Нигаҳбоне, ки ҳунарпеша шуд: саргузашти Ҷиммӣ Тоҷик

© © из личного архива Беймурата АлабардиеваАктер Баймурат Аллабердиев Таджик Джимми со своей женой Людмилой Минько, архивное фото
Актер Баймурат Аллабердиев Таджик Джимми со своей женой Людмилой Минько, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Боймурод Аллабердиев муҳоҷирест узбактабор аз Тоҷикистон, ки чанд сол пеш дар паи интишори наворе дар интернет дар Русия чун Ҷиммӣ Тоҷик ном баровард

ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik, Дмитрий Матвеев. Даҳ сол пеш аз ин муҳоҷири корие аз Тоҷикистон – Боймурод Аллабердиев дар паи нақшофарӣ дар филми комедии "Ёлки" дар саросари Русия шинохтаву номдор шуда буд.

Соли 2008 дӯстони вай навореро дар Youtube мунташир карда буданд, ки дар он Боймурод таронаеро аз филми ҳиндии "Disco dancer" (Раққоси диско) бо овозе гӯшхарош бозхонӣ мекард.

Чанд рӯзе аз ин нагузашт, ки ду милюн кас ин наворро тамошо карданд ва Боймурод ситораи ҷаҳони маҷозӣ шуд. Корбарони шабакаҳои иҷтимоъӣ ӯро Ҷиммӣ Тоҷик номиданд. Навори овозхонии ӯро Шабакаи якуми телевизюни Русия ҳам бозпахш кард.

Аз он пас Боймурод меҳмони барномаҳои телевизюнӣ низ шуд ва сипас дар филмҳо низ нақшҳое офарид.

Sputnik Тоҷикистон бо ин ҳунарпешаи 47-сола дидор кард ва рози комёбӣ ва вазъи зиндагияш дар Русияро ҷӯё шуд.

Ҷавонӣ дар Тоҷикистон ва муҳоҷират ба Русия

Боймурод Аллабердиев соли 1971 дар хонаводае узбактабор дар ноҳияи Панҷ зода ва Оймаҳмад номида шудааст.

Аз онҷое, ки амакаш дар синамосарои зодгоҳаш киномеханик буд, Боймурод аз хурдсолӣ синамодӯст буд ва бештар аз ҳама филмҳо синамои ҳиндиро дӯст медошт, ки рангобарангу шоду пур аз созу овоз буданд.

"Ҳар боре, ки филми ҳиндӣ намоиш медоданд, ман ҳама корамро во мегузоштам ва давон ба тамошояш мерафтам. Филми коргардон Бобур Субҳаш "Рақсандаи диско"-ро бисёр дӯст медоштам, ки дар он Митҳун Чакработӣ нақши аслиро офаридааст. Ман ин филмро нахустин бор дар соли 1991 тамошо карда будам, ки он замон 20-сола будам", — ба ёд меорад "Ҷиммӣ".

Танцор Фархода Джонмахмадзода на передачи прямой эфир - Sputnik Тоҷикистон
Дидор бо Малахов: раққоси тоҷик ситораи телевизиони Русия шуд

Боймурод дастпарвари омӯзишгоҳи мусиқӣ аст.

"Ман аз хурдсолӣ дӯст доштам сурудҳои узбакӣ, тоҷикӣ, озарбойҷонӣ ва ҳиндиро бозхонӣ кунам", — мегӯяд вай.

Ӯ навҷавониву ҷавонияшро, ки дар Тоҷикистон гузашта, бо меҳру гармӣ ёд мекунад.

"Дар он замон аз дӯстдоштатарин корҳо бароям пистачинӣ дар кӯҳҳо ва тарбузхӯриву харбузхӯрӣ дар полезҳо буд. Ёдашон ба хайр он рӯзҳоро. Ростӣ, зодгоҳамро сахт пазмон шудаам", — бо ҳасрат мегӯяд вай.

Вале шароит Боймурод – Оймаҳмадро водор кард, ки дар яке аз рӯзҳои соли 2007 ҳамроҳ бо чанде аз ҳамшаҳриёнаш рӯ ба Русия оварад. Он замон вай 36-сола буд.

Пайдоиши Ҷиммӣ Тоҷик

Муҳоҷират ӯро ба шаҳри Санкт-Петербург овард. Ночор буд даст ба ҳар коре бизанад. Гоҳ аробакашӣ мекард ва гоҳе нигаҳбонӣ. Вале дур аз хонаву дар ҳар коре хушбинияшро аз даст намедод ва дар ҳар фурсати муносибе таронаи дӯстдоштааш "Jimmy Jimmy Jimmy Aaja" аз филми "Раққоси диско"-ро замзама мекард.

Боре дӯстонаш ӯро саргарми сурудхонӣ диданд ва нағманавозиву овозхонияшро наворбардорӣ карданд.

"Он навор соли 2008 гирифта шуда буд. Ман он замон дар яке аз фурӯшгоҳҳои бузург нигаҳбонӣ мекардам. Ҳар аз гоҳе таронаи дӯстдоштаамро месурудам. Дар яке аз рӯзҳои таътил он таронаи маъруфро мехондам, ки дӯстонам онро наворбардорӣ ва дар интернет боргузорӣ карданд", — ба ёд меоварад Боймурод.

Ӯ мегӯяд, ки касе интизор надошт, ки ин навори масхара дар YouTube зиндагонии ӯро саду ҳаштод дараҷа зеру забар карда ва чун Ҷиммӣ Тоҷик дар саросари Русия ва Тоҷикистон номдор хоҳад кард. Ин номро бар Боймурод корбарони интернет ниҳодаанд.

Оҳанги ошно ва овозхонии шӯхи Боймурод ин наворро яке аз пурбинандатарин видюҳо дар YouTube гардонанд. Муҳоҷире, ки то он замон аробакашиву нигаҳбонӣ мекард, якшаба ҳунарпеша шуд.

Нақшофарӣ дар филми Темур Бекмамбетов "Ёлки"

Он навор дар соли 2009 ҷоизаи "Видюи сол" дар озмуни интернетии "РОТОР-2009"-ро дарёфт кард ва Ҷиммиро маъруфтару машҳуртар кард. Дар паи он Боймуродро барои иҷрои нақш дар филме даъват карданд.

Боймурод мегӯяд, ки Темур Бекмамбетов худ бо ӯ тамос гирифтааст.

"Вай зангам заду гуфт: Филми комедие дар бораи соли нав сохтанӣ ҳастем, ки "Ёлки" ном дорад. Сипас пешниҳод кард, ки ман дар он нақшеро бозӣ кунам", — мегӯяд Боймурод.

Боймурод дар ин филм нақши Юсуф ном муҳоҷире аз Осиёи Марказиро иҷро мекунад, ки дар кӯдакистоне дар шаҳри Калининград нигаҳбонӣ мекунад ва ҳама пулеро, ки ба даст меорад, ба хонаводааш мефиристад, вале соле як бор – дар Соли нав барои худ ҳам ҷашне барпо мекунад, ки он наҳоре дар "Макдоналдс" аст.

"Ёлки" нахустин таҷрубаи ҳунарпешагӣ барои ин муҳоҷир буд, аз ин рӯ нақшофарӣ барояш бисёр сахту душвор буд.

"Ҳар саҳнаеро чанд бор тамрину такрор мекардем, ки бисёр сахт буд. Вале дертар одат кардам ва осон шуд", — гуфт Боймурод Аллабердиев.

Вай афзуд, ки он замон ҳофизаи хубаш бисёр кумакаш карда, ки нақшашро зуд дар ёд бигирад ва бидонад, ки коргардон аз вай чи мехоҳад.

Боймурод дар идомаи ин филм "Ёлки-3" ва "Ёлки-5" низ нақши Юсуфро иҷро кард. Дар бахши панҷуми филм Боймуродро ҳамсараш Людмила ҳамроҳӣ кард.

Афзун бар ин филм, Боймурод ҳамчунин дар филмҳои "Тариф на прошлое", "Роман с кокаином", "Бобруйск-Дакар", "Скорый "Москва-Россия", "Звезда" ва "Повелитель снов" низ нақшҳоеро бозӣ кардааст.

© © из личного архива Беймурата АлабардиеваАктер Баймурат Аллабердиев со своей женой, архивное фото
Актер Баймурат Аллабердиев Таджик Джимми со своей женой, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
1/5
Актер Баймурат Аллабердиев со своей женой, архивное фото
© © из личного архива Беймурата АлабардиеваАктер Баймурат Аллабердиев с родственниками и со своей женой , архивное фото
Актер Баймурат Аллабердиев Таджик Джимми с родственниками и со своей женой , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
2/5
Актер Баймурат Аллабердиев с родственниками и со своей женой , архивное фото
© © из личного архива Беймурата АлабардиеваАктер Баймурат Аллабердиев со своей женой, архивное фото
Актер Баймурат Аллабердиев Таджик Джимми со своей женой, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
3/5
Актер Баймурат Аллабердиев со своей женой, архивное фото
© © из личного архива Беймурата АлабардиеваАктер Баймурат Аллабердиев Таджик Джимми
Актер Баймурат Аллабердиев Таджик Джимми, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
4/5
Актер Баймурат Аллабердиев Таджик Джимми
© © из личного архива Беймурата АлабардиеваАктер Баймурат Аллабердиев на сцене, архивное фото
Актер Баймурат Аллабердиев Таджик Джимми на сцене, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
5/5
Актер Баймурат Аллабердиев на сцене, архивное фото
1/5
Актер Баймурат Аллабердиев со своей женой, архивное фото
2/5
Актер Баймурат Аллабердиев с родственниками и со своей женой , архивное фото
3/5
Актер Баймурат Аллабердиев со своей женой, архивное фото
4/5
Актер Баймурат Аллабердиев Таджик Джимми
5/5
Актер Баймурат Аллабердиев на сцене, архивное фото

Вай мегӯяд, ки нақши таъмиркори худрав дар филми "Последний из Магикян"-ро бештар аз ҳама нақшҳояш дӯст медорад.

Акнун Боймуродро ҳаддақалл ду бор дар сол даъват мекунанд, ки дар филме нақш бозӣ кунад. Чунончи, ҳамин чанд рӯз пеш сериёли наве бо ширкати "Ҷиммӣ" пешкаши тамошобинон шудааст.

Ӯ дар ин филмҳо маъмулан нақши муҳоҷире аз Осиёи Марказиро бозӣ мекунад, вале аз ин заррае нохушнуд нест.

"Ман худ то чанде пеш муҳоҷир будам, чаро бояд аз ин шарм медошта бошам?", — мегӯяд ӯ бо ханда.

Ҳунарнамоии Ҷиммӣ Тоҷик дар Шабакаи якум

Афзун бар нақшофарӣ дар филмҳо Боймурод дар барномаҳои телевизюнӣ ҳам ширкат мекунад. Чунончи, вай чанд бор дар барномаи Андрей Малахов" "Пусть говорят" ва ҳамчунин дар барномаи "Большая разница" дар Шабакаи якум низ ширкат кардааст.

Боре ҳам вай дар барномаи Андрей Малахов "Прямой эфир" дар шабакаи "Россия" ширкат карда буд, ки дар он ҳунарпешаи номии ҳиндӣ Ҳема Малинӣ меҳмон буд. Тамошобинон Боймуродро бо кафкӯбӣ ва хушнудӣ пешвоз гирифтанд.

Издивоҷ бо зани рус

Боймурод Аллабердиев бо Людмила Минко ном зане аз Санкт-Петербург издивоҷ кардааст. Людмила мегӯяд, ки онҳо соли 2013 дар ройпаймоии Якуми май дар майдони Кох дар Петербург ошно шуда буданд.

Ба гуфтаи вай, дӯстонаш то Боймуродро диданд, ӯро шинохтанд ва хостанд аксе бо вай бигиранд. Аммо Людмила то он замон навори овозхонии Боймуродро надида буда ва ӯро намешинохтааст, аз ин рӯ чандон аҳамияте ба ин хоҳиши дугонаҳояш надод. Аммо пас аз акс гирифтан онҳо низ ошно шуданд ва ин ошноӣ ба дӯстӣ ва сипас ба ишқу издивоҷ кашид.

Боймурод мегӯяд, ки хешовандонаш ҳамсари русашро бо хушнудӣ пазируфтанд. "Хонаводаам гуфт, агар дӯсташ медорӣ, ӯро ба занӣ бигир", — мегӯяд вай.

Аммо хонаводаи Людмила домодро бо нигаронӣ пазируфт.

Светлана Устинова с мужем Довудом Аминовым - Sputnik Тоҷикистон
Светлана ё Шамсия - ҳамсари Довуд Аминов: зани дуюмро якҷо интихоб мекунем

"Ниме аз хонаводаам тарафдор буд, ки мо издивоҷ кунем ва ниме мухолиф. Вале акнун ҳама сад дарсад интихоби маро дуруст мешуморанд", — мегӯяд Людмила.

Пас аз издивоҷ бо Боймурод Людмила ӯро дар кору ҳунарнамоияш ёрӣ додан гирифт.

"Борҳо буда, ки филмсозон ӯро фиреб додаву пулашро пурра надодаанд", — мегӯяд вай.

Ӯ тавонист кори ҳамсарашро дуруст ба роҳ биандозад. Акнун вай кӯшиш мекунад шавҳарашро танҳо нагузорад ва агар филм дар дигар шаҳрҳо наворбардорӣ ҳам шавад, ҳамроҳаш онҷо меравад. Чун Боймурод ҳануз ҳам забони русиро хуб намедонад, Людмила барояш мутарҷимӣ мекунад ва истилоҳоти фанниро барояш тавзеҳ медиҳад.

Ҷиммӣ Тоҷик акнун чикор мекунад?

Боймурод Аллабердиев пас аз издивоҷ бо Людмила дар соли 2017 шаҳрвандии Русияро дарёфт кард. Ҳамсараш мегӯяд, ки омодасозии асноду мадорик сахт буд ва се солро гирифт.

"Ҷиммӣ" имрӯзҳо дар рестуроне дар хиёбони Қазон дар маркази Пебербург кор мекунад. Ӯ бо супориши муштариён суруд мехонад. Кораш шом оғоз мешавад ва то посе аз шаб идома меёбад.

Гоҳе мешавад, ки ҳамшаҳриёнаш аз Боймурод кумак мехоҳанд. Ӯ пеш аз ҳама ба ҳамшаҳриҳои мусиқидону навозандаву хонандааш кумак мекунад, ки дар Русия коре пайдо кунанд. Вай ҳамчунон барои хонаводааш дар Тоҷикистон пул мефиристад.

© © из личного архива Беймурата АлабардиеваАктер Баймурат Аллабердиев, Таджик Джимми, со своей женой, архивное фото
Актер Баймурат Аллабердиев, Таджик Джимми, со своей женой, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Актер Баймурат Аллабердиев, Таджик Джимми, со своей женой, архивное фото

Вай дар Тоҷикистон хешованд бисёр дорад: амакҳо, бародарону хоҳарон, амакзодаву бародарзодаву хоҳарзодаҳояш ҳама онҷо ҳастанд.

"Ман хонаву зодгоҳамро бисёр пазмон шудаам, аз ин рӯ ҳар тобистон Тоҷикистон меравам", — мегӯяд Ҷиммӣ Тоҷик.

Лентаи хабарҳо
0