Тоҷикистон ва Узбакистон мусофирбарӣ бо автобусро аз моҳи апрел оғоз мекунанд

© Sputnik / Владимир ПесняАвтобус на трассе
Автобус на трассе - Sputnik Тоҷикистон
Ширкатҳои таробарии Тоҷикистон ва Узбакистон то кунун таърифаҳои мусофирбарӣ бо автобус миёни шаҳрҳои ду кишварро ҳамоҳанг накардаанд

ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Мусофирбарӣ бо автобусҳо миёни шаҳрҳои Тоҷикистон ва Узбакистон аз моҳи апрел оғоз хоҳад шуд, гуфт Султон Камолов, раиси ширкати таробарии "Asian Express Terminal".

"Автобусҳо аз Душанбе ба Деҳнав ва Тирмиз, аз Панҷиканд ба Самарқанд ва аз Хуҷанд ба Тошканду Фарғона ҳаракат хоҳанд кард", — тавзеҳ дод Камолов.

Ширкатҳои таробарии Тоҷикистон ва Узбакистон то кунун таърифаҳои мусофирбарӣ бо автобус миёни шаҳрҳои ду кишварро ҳамоҳанг накардаанд.

Ин таърифҳо бояд ҳамоҳанг шаванд, зеро дар ин масирҳо ширкатҳои таробарии Узбакистон низ мусофиркашӣ хоҳанд кард.

Қарор аст, ки дар наздиктарин рӯзҳо намояндагони ширкатҳои мусофирбарии Тоҷикистон ба Тошканд бираванд ва таърифаҳои мусофиркашӣ бо автобусҳои миёншаҳриро бо шарикони узбаки худ ҳамсон кунанд.

Чанде пеш Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, сухангӯи Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амниятии миллии Тоҷикистон, гуфт, ки мусофирон ҳангоми гузаштани автобус аз марзҳои давлатӣ бо ҳеч мушкиле дучор нахоҳанд шуд.

Ба гуфтаи вай, мусофирон дар гузаргоҳ аз автобус пиёда мешаванд ва пас аз анҷом ёфтани назорати марзӣ ва гумрукӣ савор шуда сафари худро идома медиҳанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала