Ҳукумати Русия ба саволҳои муҳоҷирони Тоҷикистону Узбакистон ҷавоб гуфт

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкМигранты, архивное фото
Мигранты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндагони мақомоти шаҳри Маскав бо муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистону Узбакистон, ки дар минтақаи пойтахт кору зиндагӣ мекунанд, мулоқот намуданд

ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Дар шаҳри Красногорски вилояти Маскав вохӯрии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва узбак бо намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи коршиносони минтақаи пойтахт, сурат гирифт.

Чорабинӣ дар доираи иҷрои шароити тарҳи раисҷумҳури Русия бо номи "Дӯсти ман мӯҳоҷир" гузаронида шуд. Ин тарҳ низоми фаъолиятҳоест, ки ба самти коҳиш додани маҳрумиятҳои иҷтимоӣ ва мутобиқгардонии фарҳангиву ахлоқии мӯҳоҷирони кории Тоҷикистону Узбакистон, ки дар минтақаи пойтахт кору зиндагӣ мекунанд, равона шудааст.

Ин чорабинӣ силсилаи вохӯриҳои намояндагони ҷамъиятҳои муҳоҷирон ва коргарони хориҷиро бо масъулини мақомоти иктисобии ҳукумат, ашхоси ҷамъиятӣ ва намояндагони бонуфузи ҷомеаи коршиносӣ, оғоз мекунад.

Дар вохӯрӣ муовини раиси Ҳукумати вилояти Маскав Хаймурзин, роҳбари Мудирияти сиёсати мӯҳоҷирии Раёсати сиёсати иқтисодӣ ва рушди шаҳри Маскав Кугаков, директори Маркази муҳоҷирати фаръии "Сахарово" Федосеев, раиси иттиҳоди мӯҳоҷирини Узбакистон дар минтақаи Маскав Тепляков ва дигарон ширкат варзиданд.

Дар байни масъалаҳои афзалиятноки иҷтимоию иқтисодии минтақаи пойтахт, муҳоҷирати хориҷӣ, қабл аз ҳама, меҳнатӣ, асосӣ мебошад. Бисёре аз коршиносон мегӯянд, ки солҳои охир вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ — коргарони хориҷӣ дар Федератсияи Русия каме беҳтар шуда, сатҳи муҳоҷирфобия дар ҷамъияти мо коҳиш ёфтааст. Аммо ҳанӯз ҳам саволҳои зиёде вуҷуд доранд, ки бояд баррасӣ шаванд.

Лентаи хабарҳо
0