Ободӣ: роҳҳои кӯчаҳои шаҳри Хуҷандро мумфарш мекунанд

© SputnikРемонт дороги, архивное фото
Ремонт дороги, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Роҳҳои кӯчаҳои шаҳри Хуҷандро мумфарш мекунанд

ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз рафти корҳои мумфаршкунии роҳ дар кӯчаи ба номи 60 солагии Октябр аз наздик шинос гардидааст, хабар медиҳад равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд.

Гуфта мешавад, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини зиндагии шоистаи мардум ва нишондодҳои раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода нахустин корҳои таҷдиду азнавсозии роҳҳо дар шаҳри Хуҷанд оғоз гардидааст.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз рафти корҳои мумфаршкунии роҳ дар кӯчаи ба номи 60 солагии Октябр аз наздик ошно гардида, ба роҳсозон баҳри сифатан беҳтар кардани корҳо дастуру супоришҳо додааст.

Ба гузориши манбаъ, ин кӯча 3, 5 километр дарозӣ дошта ва он ба пуррагӣ мумфарш карда мешавад.

Бино ба таъкиди роҳбари КД "Истифодабарии роҳҳо"-и шаҳри Хуҷанд Салим Юнусов ин оғози корҳои мумфаршкунӣ дар соли 2018 буда, то охири сол беш аз 30 километр роҳҳои дохилии шаҳр мумфарш карда мешавад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала