Тоҷикистон аз порчаҳои Узбакистон пӯшок хоҳад дӯхт

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузариш ба медиабонкТкань
Ткань - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Коргоҳҳои дӯзандагии Тоҷикистон аз порчаҳои сохти Узбакистон пӯшок хоҳанд дӯхт

ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон коргоҳҳои нави дӯзандагие оғоз ба кор хоҳанд кард, ки барои тавлиди либос аз порчаҳои тавлиди Узбакистон истифода хоҳанд бурд, гузориш медиҳад хабаргузории ТоҷикТА ба нақл аз УзТАГ.

Бино ба иттилоъи маркази матбуотии Анҷумани "Узтекстилпром", дар намоишгоҳе, ки чанде пеш дар Душанбе баргузор шуд, намояндагони саноеи сабуки ду кишвар дар мавриди содироти порчаҳои Узбакистон ба Тоҷикистон ба тавофуқ даст ёфтанд, ширкатҳои дӯзандагӣ ва бофандагии ду кишвар қарордодҳои ҳамкориро имзо карданд.

Ҳамчунин, ширкатҳои "Авазхон Келаҷак Текстил Сервис" ва "СОХТМОН М-21" ва "Buka Boxing Sportswear" бо Федерасиюни бокси Душанбе тавофуқномаҳо ба имзо расид.

Ёдовар мешавем, ки соли 2017 Тоҷикистон ва Узбакистон ба арзиши 236,8 милюн дулор гардиши молиро анҷом доданд, ки ин ҳаҷм дар қиёс бо ду сол пеш 20,2 дарсад афзоишро нишон медиҳад. Дар Узбакистон 22 ширкат бо сармояи Тоҷикистон фаъолият доранд.

Лентаи хабарҳо
0