Толибон хатти ноқилро канда Кобулро бе қувваи барқи Тоҷикистон монданд

© Sputnik / Руслан КаршибоевЛЭП в горахТаджикистана
ЛЭП в горахТаджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қазия шоми рӯзи якшанбе рух дода боиси канда шудани сутуни хатти интиқоли барқ канда шуд, ки тавассути он аз Тоҷикистон ба Афғонистон қувваи барқ интиқол дода мешуд

ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Ҷангиёни гурӯҳи "Толибон" хатти ноқилро канда Кобулро бе қувваи барқи Тоҷикистон монданд, хабар медиҳад расонаҳои маҳаллӣ.

Шабакаи Ariana News бо такя ба ҳукумати маҳаллӣ хабар медиҳад, ки сутуни хатти интиқоли барқро "шахсони номаълуми мусаллаҳ, ки ба кадом гурӯҳ радикалӣ шомил буданашон маълум нест", кандааст.

Солдат вооруженных сил Таджикистана на границе с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Русия аз урдугоҳсозии ДОИШ дар марз бо Тоҷикистон нигарон аст

Қазия шоми рӯзи якшанбе рух дода боиси канда шудани сутуни хатти интиқоли барқ канда шуд, ки тавассути он аз Тоҷикистон ба Афғонистон қувваи барқ интиқол дода мешуд

Вале дар ин росто оҷонсии Пажвок дар Twitter хабар дода, ки сутуни хатти интиқоли барқро толибон вайрон кардаанд.

Ҷангиёни гурӯҳи тундрав пеш ҳам сутуни хатти интиқоли барқро канда буданд.

Ҳамин тавр авохири моҳи январи соли 2016 толибон сутуни хатти интиқоли барқро канда интиқоли барқро аз Узбакистон қатъ карданд.

Дар баробраи ин дар авоили моҳи феврали соли 2016 онҳо сутуни хатти интиқоли барқро дар Қундуз вайрон карда буданд.

Лентаи хабарҳо
0