Дар Узбакистон ду кас барои айфон ҷон бохтаанд

© UzNewsСкорая помощь в Узбекистане, архивное фото
Скорая помощь в Узбекистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қарибии шом дар вилояти Намангони Узбакистон марди ҷавоне телефони мобили Айфонро ба чуқурии кандашуда дар ҳавлияш афтонда, бо дӯсташ онро хостаанд гиранд, вале ҳар ду ҷон бохтаанд

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Дар Узбакистон ду мард ҳангоми кӯшиши гирифтани айфон аз чуқурии кандашудаи барои ҳоҷҷатхона ҷон бохтаанд, хабар медиҳад бунгоҳи UzNews бо ишора ба хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилии кишвар.

Гуфта мешавад, ки наздик ба шом дар ноҳияи Папи вилояти Намангон марди ҷавоне, ки соли таваллудаш 1986 будааст, телефони мобили тамғаи айфонро дар чуқурии ҳоҷатхонаи рӯи ҳавляш афтонда будааст.

iPhone 6 и iPhone 6 plus - Sputnik Тоҷикистон
"Айфон-6"-и сокини Душанберо нимашаб дар фурудгоҳи пойтахт кӣ дуздид?

Мард ҳамсояашро барои кӯмак ҷеғ зада, худ бо банд ба чуқурии кандашудаи барои ҳоҷҷатхона мефарояд ва дар он ҷо беҳӯш шуда, меафтад. Ҳамсоя, ки қарор додааст ба дӯсташ кумак кунад, аз паси ӯ ба чуқурӣ мефарояд, вале ӯ низ дар он ҷо беҳӯш шуда меафтад.

Ба ҷавонон падари яке аз онҳо кумак расондан хоста, ба таги чуқурӣ фаромадааст, вале дар он ҷо ӯ низ аз дуди ғализи гази карбогидрат заҳролуд мешаваду, беҳуш мешавад.

Наҷотдиҳандагон ба макони ҳодиса расида, ҳар се мардро аз чуҷурӣ берун меоранд.

Дар натиҷаи заҳролудшавӣ аз гази карбогидрат, ҳар ду ҷавон дар ҷойи ҳодиса фавтидаанд, вале марди пиронсол ба муассисаи тиббӣ интиқол дода шудааст.

Дар Узбакистон ҳодисаҳои афтодани одамон кам нестанд, аз ҷумла кӯдакони хурдсол ба чуқуриҳои кандашуда. Масалан, охирҳои моҳи январ дар Тошканд ҳодисаи ба ҳамин монанд ба марги кӯдак анҷом ёфт. Писарбачаи яксола бо сабаби беэҳтиётии модараш ҳалок гардида буд.

Соли 2017 дар Узбакистон се нафари калонсол кӯшиши аз чуқурии ҳоҷатхона берун кардани телефони мобилиро карда, бӯғӣ шуда, мурда буданд. Як зани сокини ноҳияи Янгиқурғони вилояти Намангон ду марди маҳаллиро барои гирифтани телефони мобилӣ, ки ба чуқурии ҳоҷатхона афтода буд, кироя кард. Он ду мард ба он ҷо фаромада, беҳӯш шуда буданду, дигар баромада натавонистанд.

Лентаи хабарҳо
0