Русия омода аст давлати Афғонистон ва Толибонро оштӣ бидиҳад

© AP / Uncredited / Гузариш ба медиабонкАфганские талибы, архивное фото
Афганские талибы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Русия омода аст ба давлати Афғонистон ва ҷунбиши "Толибон" барои расидан ба сулҳ кумак кунад, гуфт Замир Кабулов, намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия барои Афғонистон

ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Агар "Толибон" моил ба музокироти сулҳ бошад, Русия омода аст ҳамзамон ба давлати Афғонистон ва ҷунбиши "Толибон" кумаки машваратӣ бирасонад, гуфт Замир Кабулов дар мусоҳиба бо Sputnik Афғонистон дар ҳошияи нишасти хабарӣ дар мавзуъи ҳамоиши сулҳи Афғонистон дар Тошканд.

"Ин ҳамоиш шабеҳ ба музокироти Остона барои Сурия аст ва ягона роҳи сулҳ нест. Беҳтарин роҳ барои сулҳ ва саҳм додан ба "Толибон" ширкати онҳо дар интихоботи Маҷлис ва раёсати ҷумҳурии Афғонистон аст. Ин ягона роҳи ҳузури онҳо дар қудрат аст", — таъкид кард Кабулов.

Вай дар бораи нақши Русия дар раванди сулҳи Афғонистон гуфт, давлати Кобул ва "Толибон" бояд миёни худ ин равандро кунтрул кунанд. "Агар аз мо кумак бихоҳанд, мо омода ҳастем ба онҳо машварат бидиҳем", — афзуд вай.

"Русия бар хилофи бархе аз кишварҳо одат надорад машваратҳои худро ба касе таҳмил кунад", — таъкид кард Замир Кабулов.

Лентаи хабарҳо
0