Имдодрасонҳои тоҷик аз таҷрибаи ҳамкорони фаронсавиашон баҳра мегиранд

© SputnikУчения Антитеррор 2017 в Душанбе
Учения Антитеррор 2017 в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Коршиносони Созмони оташнишонӣ ва имдодрасонии Фаронса кормандони Кумитаи умури изтирории Тоҷикистонро омӯзиш медиҳанд

ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Дар Душанбе дувумин давраи омӯзишии дастаҳои ҷустуҷӯӣ-имдодрасонии Кумитаи умури изтирорӣ ва дифоъи мадании Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ба гузориши равобити умумии Кумитаи умури изтирорӣ, дар чорчӯби ин давра коршиносони Созмони оташнишонӣ ва имдодрасонии Фаронса кормандони дастаҳои ҷустуҷӯӣ ва имдодрасонии Кумитаи умури изтирории Тоҷикистонро омӯзиш медиҳанд.

Имдодрасонҳои тоҷик дар ин давра равишҳои ёрирасонӣ ба осебдидагон дар пешомадҳои ғайримунтазира, имдодрасонӣ бо корбурди абзорҳои кӯҳнавардӣ, роҳандозии ҷустуҷӯ ва наҷот ҳангоми садамаҳо нақлиётӣ дар барфтӯдаҳо ё наҷоти одамон дар созаҳо, корбурди бастгоҳҳои имдодрасониву наҷот дар раванди амалиёти наҷот ва ҷустуҷӯи гумшудагонро меомӯзанд.

Ҳамкории имдодрасонҳои Тоҷикистон ва Фаронса дар чорчӯби тавофуқоте роҳандозӣ шудааст, ки ду кишвар дар ин замина ба даст овардаанд.

Лентаи хабарҳо
0