Тоҷикистон ва Узбакистон хаттҳои интиқоли барқашонро боз мепайванданд

© Sputnik / Сергей Мальгавко / Гузариш ба медиабонкЛинии электропередач, архивное фото
Линии электропередач, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар вилояти Суғд хатти интиқоли барқи "Айнӣ – Рӯдакӣ" ва зеристгоҳи барқии "Рӯдакӣ" ба баҳрабардорӣ расиданд

ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Маросими роҳандозии хатти интиқоли барқи "Айнӣ – Рӯдакӣ" ва истгоҳи бозсозишудаи "Рӯдакӣ" дирӯз бо ширкати раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷиканд баргузор шуд.

Ба гузориши дафтари иттилоърасонии раисҷумҳури Тоҷикистон, ин хатту зеристгоҳ имкон медиҳанд, ки Тоҷикистон ва Узбакистон хутути интиқоли барқашонро бо ҳамдигар пайваст кунанд ва аз якдигар барқ додугирифт кунанд.

Хатти интиқоли барқи "Айнӣ – Рӯдакӣ", ки 220 кВ зарфият дорад, аз истгоҳи "Айнӣ" дар ноҳияи Айнӣ оғоз шуда ва то истгоҳи "Рӯдакӣ" дар шаҳри Панҷиканд мерасад. Паймонкори аслии ин тарҳ ширкати чинии "ТВЕА" аст.

Ин ширкат барои навсозӣ ва васлу насби таҷҳизот дар хати интиқоли барқи "Айнӣ – Рӯдакӣ" ва зеристгоҳҳои "Айнӣ" ва "Рӯдакӣ" 147 коршиносро ба кор ҷалб карда, ки 81 кас аз онҳо коргарони тоҷик ва 66 тани дигар хориҷӣ буданд.

Ин тарҳ бо гранти бебозгашти Бонки тавсеъаи Осиёӣ иҷроӣ шудааст.

Лентаи хабарҳо
0