Истиқболи раисҷумҳур дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар тантанаҳои ҷашни Наврӯз, ошноӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ба шаҳри Хуҷанд рафтааст

ДУШАНБЕ, 29 мар— Sputnik. Намояндагони аҳли ҷомеаи вилояти Суғд — ҷавонон, аҳли илму фарҳангу адаб раисҷумҳурроо дар фурудгоҳи шҳари Хуҷанд пешвоз гирифтаанд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ки гурӯҳи ҷавонон, духтарони атласу адрасбабар ба истиқболи Эмомалӣ Раҳмон баромадаанд.

"Ҳадаф аз ин сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Сугд ошноӣ бо рафти корҳои ободонию бунёдкорӣ, вусъати корҳои саҳроӣ, иштирок дар маросими ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун ва мулоқот бо сокинону фаъолони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мебошад", — омадааст дар хабарнома.

Пештар хабар дода шуд, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои наврӯзии шаҳри Панҷиканд ширкату суханронӣ кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониаш аз сафари раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ёдоварӣ карда, гуфтааст, ки "рӯзҳои 9-10 март, дар ҷараёни сафари давлатии раисҷумҳури Узбакистон муҳтарам Мирзиёев Шавкат Мирамонович ҳамаи монеаҳое, ки зиёда аз ду даҳсола дар рафтуомади одамон ва додугирифти молу маҳсулот бо кишвари дӯсту бародари Ӯзбекистон вуҷуд доштанд, аз байн бардошта шуданд".

Лентаи хабарҳо
0