Дар Тотористон барои таҷлили Наврӯз деҳкадаи наврӯзӣ ташкил карданд

© © Sputnik / Евгений ОдиноковМосковский общегородской праздник "Навруз-2018"
Московский общегородской праздник Навруз-2018 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чанде пеш дар чанд вилояти минтақаи Поволже ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид

ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Дар Тотористон барои таҷлили Наврӯз деҳкадаи наврӯзӣ ташкил карданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, дар деҳаи наврӯзӣ ҳавличаҳои тоҷикӣ, туркменӣ, қирғизӣ, афғонӣ, озарбойҷонӣ ва туркӣ бо анъанаҳои миллӣ ва дастурхони наврӯзӣ оро дода шуданд.

"Деҳкадаи наврӯзӣ дар назди Қасри Хони шаҳри Қазон дар масоҳати бузурги назди ипподром ташкил гардид. Бозиҳои миллӣ, рақсу суруд ва пухтани таомҳои миллӣ тамоми рӯз давом кард. Гурӯҳҳои ҳунарии миллӣ намоиши ҷолиби театрикунонидашударо таҳти унвони "Бедоршавии табиат" манзури тамошобинон намуданд",- гуфта мешавад дар иттилои.

Гуфта мешавад, дар ҷашни Наврӯзи соли 2018 дар назди Қасри Хон кариб 20000 нафар иштирок намуданд.

Ёдрас мешавем, Наврӯзро дар Маскав низ бо тантана таҷлил карданд. Шаҳри Маскав 25 март дар яке аз бузургтарин ғурфаҳои ВДНХ ё Намоишгоҳи дастовардҳои иқтисодиву кишоварзӣ Наврӯзро ҷашн гирифт.

Имсол дар барномаҳои ҷашни Наврӯз дар ВДНХ бештар аз дигар солҳо ҳунармандону тамошобинон ширкат карданд. Ин бор намояндагони 22 кишвар расму ойинҳо ва барномаҳои ҳунариву фарҳангӣ ва ошпазии худро ба мардум ва меҳмонони шаҳри Маскав намоиш доданд.

Дар ин барномаи ҳунарӣ ҳунармандони номдоре чун Давлатманд Холов, Ренат Иброҳимов, Василий Овсянников. Належда Кригина, барандаи барномаи ҳунарии "Голос" Данила Плужников, гурӯҳи "Учқудуқ" ва бисёре дигар ҳунарнамоӣ карданд.

Лентаи хабарҳо
0