Гулбек Саодатов дар "Сари Осиё" ба хок супурда шуд

© Фото : Аз бойгонии Музаффар ИмомдодМаросими ба хоксупории Гулбек Саодатов
Маросими ба хоксупории Гулбек Саодатов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Ҳунарманди ансамбли "Дарё" Гулбек Саодатов дирӯз дар шаҳри Душанбе даргузашт

ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Маросими видоъ субҳи имрӯз дар кӯчаи Маяковский наздикии тарабхонаи Олӣ Сомон баргузор гардид.

Ҷасади Гулбек Саодатов имрӯз дар мақбараи "Сари Осиё" шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд. Дар ин бора як манбаъ ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.

Дар маросими видоъ бо ҳунарманди сеторнавоз,  намояндагони Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз ҷумла вазир Шамсиддин Орумбекзода муовинаш Ибодулло Машрабов, овозхони номдор Саидқул Билолов ва дигар ҳунармандон ва ҳамкорони марҳум омада буданд.

Гулбек Саодатов 10 июни соли 1938 дар деҳаи Муни ноҳияи Шуғнони ВМКБ ба дунё омадааст.

Мутриб, оҳангсоз, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1998). Омӯзишгоҳи мусиқии ш. Душанберо (1966) хатм кардааст. Солҳои 1955-1961 дар ансамбли тарона ва рақси "Помир", 1961-1975 ба сифати навозанда дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон, аз соли 1975 мутриби дастаҳои ҳунарии "Шашмақом" ва "Дарё" — и Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ кор кардааст.

Баробари мутрибӣ дар ҳайати навозандагон оҳангҳои зиёд бар ашъори шоирони классику муосири тоҷик, аз мероси халқӣ офаридааст, ки овозхонони касбию ҳаваскор иҷро намудаанд. "Файзи саҳар", "Нозанин ёрам", "Гирён макун маро", "Ошиқам", "Гулдаста", "Рақси ёр", "Масти ноз", "Нози ёр", "Баҳорон", "Дилбарҷон", "Аз Бадахшон оӣ", "Ҳамдами хубон", "Зебо", "Нолаи сетор", "Хуршеди дил", "Дуои сабз", "Шабнам", "Гул", "Ту ҳам медонӣ", "Баҳория", "Оби ҷӯ меравад", "Гулбонги бомдод", "Гавҳари ишқ", "Мавҷи дарё", "Вафодорӣ", "Ҷониби ман боз биё", "Давлати висол", Мутриби хушнаво" аз зумраи беҳтарин оҳангҳояш ба шумор мераванд. Дар ҳайати дастаҳои ҳунарӣ ба бисёр давлатҳои хориҷӣ сафар намудааст.

Бо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон қадр шудааст.

Лентаи хабарҳо
0