Пуштибонии Қатар аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон

© Flickr \ Официальный сайт президента РТВизит президента Таджикистана в Катар
Визит президента Таджикистана в Катар - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қатар аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон аз ҷумла амалиёти об, пуштибонӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Қатар Хисрав Соҳибзода бо мудири раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Қатар Ториқ ал-Ансорӣ дидору мулоқот кардааст, хабар медиҳад ВУХ Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ки дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар самти татбиқи ҳадафҳои рушди устувор ва мубориза бо хатарҳои глобалии муосирро баррасӣ кардаанд.

"Ҷониби Қатар пуштибонии худро аз талошҳои Тоҷикистон ҷиҳати ҳалли масоили рушди устувор, аз ҷумла пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об, мубориза алайҳи терроризм ва татбиқи иқдомҳои муштарак ҷиҳати пешгирӣ аз ангезишҳои зуҳуроти терроризм ва ифротгароии хушунатомез дар сатҳи минтақа ва фаротар аз он таъкид намуд", — омадааст дар хабарнома.

Посол Таджикистана в Катаре вручил копии Верительных грамот - Sputnik Тоҷикистон
Осорхонаҳои миллии Тоҷикистон ва Қатар паймони ҳамкорӣ мебанданд

Ал-Ансорӣ гуфтааст, ки ҳайати баландмақоми Қатар дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд "Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез" 3-4 май ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор 2018-2028" 20-22 июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе фаъолона ширкат хоҳад кард.

Зимни мулоқот ҳамчунин роҷеъ ба масъалаҳои татбиқи муштараки лоиҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, ки барои таъмини рушду устувори Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат мекунанд, табодули назар сурат гирифтааст.

Лентаи хабарҳо
0