"Муҳаммад" 12 касро дар Ашт бо кор таъмин кард

Обуна шудан
Дар маркази ноҳияи Ашт - шаҳраки Шайдон, коргоҳи хурди дуредгарӣ ва мебелсозии "Муҳаммад" ба истифода дода шудааст

ДУШАНБЕ, 2 апр— Sputnik. Дар ин коргоҳ 12 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шудаанд, хабар медиҳад равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд.

Коргоҳи хурди дуредгарӣ ва мебелсозии "Муҳаммад" аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Умедҷон Мусоев бо харҷи 750 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.

Коргоҳи мазкур фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои "Арча" ва "Silkcoлt" ба роҳ монда, ба сохтани мебелҳои гуногун, ҷевону рахти хоб, мизу курсиҳои гуногунҳаҷми мутобиқ ба завқи мизоҷон ва дару тирезаҳои чӯбину пластикӣ машғул хоҳад шуд.

"Айни замон дар ин коргоҳ 12 нафар бо кор таъмин гардидаанд", — омадааст дар хабарнома.

Пештар хабар дода шуд, ки дар шаҳри Исфара дар заминаи ҶДММ "Субҳи Ватан" коргоҳи нави коркарди маҳсулоти кишоварзӣ мавриди истифода қарор гирифтааст.

Ин коргоҳро соҳибкори муваффақ Абдуманнон Эрматов бунёд кардааст.

Номгӯйи маҳсулоти кишоварзии коркардшавандае, ки дар корхонаи мазкур ҷавобгӯй ба талаботи стандартии муосир коркарду банду баст ва ба Ҷумҳуриҳои Россия ва Қазоқистон содирот карда мешавад, аз 40 то ба 50 намуд ва шумораи умумии коргарон аз 60 то 80 нафар расидааст.

Лентаи хабарҳо
0