Барои ҳалли баҳс: ҳайати Тоҷикистон ба Маскав меравад

© Sputnik / Стас ЭтвешСамолет авиакомпании "Уральские авиалинии", архивное фото
Самолет авиакомпании Уральские авиалинии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазифаи аслии ин ҳайат ҳалли ихтилофи ҳавоӣ ба суди ҳарду кишвар бар асоси созишномаи имзошуда мебошад

ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Ҳайати расмии Тоҷикистон рӯзи сешанбе барои ҳалли мушкилоти ҳавоӣ ба Маскав меравад, хабар медиҳад Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

"Интизор меравад, ки рӯзи 3 апрел ҳайати ҳукумат, ки ба он намояндагони воломақоми Вазорати нақлиёт, Вазорати адлия, Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ва намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии кишвар дохил мешавад, барои ҳалли баҳси ҳавоӣ ба Маскав парвоз кунад", — хабар додааст ҳамсуҳбати РИА Новости.

Самолет авиакомпании Сомон Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Парвозҳои баланд: ширкати “Сомон Эйр” ҳавопаймоҳои нав мехарад

Ба гуфти манбаъ, вазифаи аслии ин ҳайат ҳалли ихтилофи ҳавоӣ ба суди ҳарду икшвар бар асоси созишномаи имзошуда мебошад.

Ихтилофоти ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Русия миёнаҳои моҳи март оғоз шуд. Ҷониби Тоҷикистон барои парвози ширкати русии "Уралские авиалинии" аз чанд шаҳри Русия ба Тоҷикистон изҷоза надода Русияро ба нақзи созишномаи имзошуда айбдор карда буд.

Вазорати нақлиёти Русия дар навбати худ, чораҳои ҷавобӣ андешида аз 1 апрел парвозҳои ширкати "Сомон Эйр" ва "Тоҷик Эйр"-ро ба 10 шаҳри кишвараш қатъ кард. Барқияи қатъи парвозҳо рӯзи шанбе ба дасти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон расида буд.

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҳам парвози панҷ ширкати русӣ: "Уралские авиалинии", UTair, "Сибир", "Северный ветер" ва "Глобус"-ро аз таърихи 2 апрел ба шаҳри Душанбе ва Хуҷанд қатъ кард.

Лентаи хабарҳо
0