Милисаи Душанбе волидони писарбачаи гумшударо меҷӯяд

© © Sputnik / Амир ИсаевЗдание МВД в Душанбе, архивное фото
Здание МВД в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Милисаи Душанбе рӯзи 27-уми марти соли 2018, писарбачаи 4-5-соларо ёфтааст, ки суроғаи хонаашро намедонад

ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Вазорати корҳои дохилӣ аз тамоми шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки дар муайян кардани шахсияти писарбача ва ба волидонаш расонидани ӯ ҳамкорӣ намоянд.

© МВД РТМВД Таджикистана просит граждан оказать содействие в поиске родителей мальчика
МВД Таджикистана просит граждан оказать содействие в поиске родителей мальчика - Sputnik Тоҷикистон
МВД Таджикистана просит граждан оказать содействие в поиске родителей мальчика

Гуфта мешавад, ки рӯзи 27-уми марти соли 2018, кормандони милитсия писарбачаи 4-5-соларо ёфтаанд.

Писарбача номашро Кароматулло мегӯяду дар куҷо будани хонаашонро намедонад. Писарбача номи падарашро Қурбон ва модарашро Зебо мегӯяд.

Дар ҳоли ҳозир писарбача дар Қабулгоҳ-тавҳилгоҳи ХПҲНҶ ВКД нигаҳдорӣ мешавад.

Вазорати корҳои дохилӣ аз тамоми шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки дар муайян намудани шахсияти писарбача ва ба волидонаш расонидани ӯ ҳамкорӣ намоянд.

Вазорат дархост дорад, нафароне, ки ӯро мешиносанд, ба рақами телефони боварии вазири корҳои дохилӣ 221-21-21 ва ё 93 922 84 —74 занг зананд.

Лентаи хабарҳо
0