Ҳамсоя на дасти соя: навори задухурди тоҷикону қирғизҳо дар марз

Обуна шудан
Миёни сокинони Хоҷа-Аълои ноҳияи Исфара ва Уч-Добои вилояти Ботканд задухурд ба амал омад

Сабаби ин муноқиша деворе шудааст, ки яке аз сокинони Қирғизистон мехост дар марз, ҷое, ки ҳамагуна сохтмон мамнуъ аст, бисозад.

Задухурд миёни сокинони Хоҷа-Аълои ноҳияи Исфара ва Уч-Добои вилояти Ботканд ба амал омад.

Намояндагони Тоҷикистон ва Қирғизистон пас аз муноқиша дар марз тартиби муҳофизатро мувофиқа карданд.

Пас аз задухурд бо сокинони марзии ҳар ду ҷониб, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад.

Тоҷикистону Қирғизистон аз 976 километр марзи муштарак 504 километрро таъйину аломатгузорӣ кардаанд. Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз бахусус дар манотиқи марзии вилоятҳои Суғд ва Бодканд, борҳо сокинон задухурд ва чанд нафар ҳам дар муноқишаҳо кушта шудаанд.

Масъалаи аломатгузории марз дар сафари раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ба Тоҷикистон дар моҳи феврал,яке аз муҳимтарин масоил буд.

Лентаи хабарҳо
0