Низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия дар чорабинии хунсупорӣ ширкат карданд

© © Пресс-служба ЦВОВоенные 201-й РВБ приняли участие в благотворительной акции по сдаче крови
Военные 201-й РВБ приняли участие в благотворительной акции по сдаче крови - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Нуқтаи мобилии ҷамъоварии хун бо тамоми таҷҳизот ва маводи зарурӣ таъмин карда шудааст, ва раванди ин кор комилан бехатар буда, то 15 дақиқа вақтро мегирад

ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Беш аз 300 нафар низомиёни пойгоҳи низомии 201-уми Русия, ки дар Тоҷикистон мустаққар аст, дар чорабинии хайриявии супурдани хун дар масоҳати гарнизони Душанбе, ширкат кардаанд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ОНМ.

Чорабиниро гурӯҳи мобилии "Маркази ҷумҳуриявии илмии хун"-и шаҳри Душанбе гузаронидааст.

"Ин чорабинӣ мунтазам дар масоҳати пойгоҳи ҳарбӣ гузаронида мешавад. Нуқтаи мобилии ҷамъоварии хун бо тамоми таҷҳизот ва маводи зарурӣ таъмин карда шуда, раванди кор комилан бехатар аст ва то 15 дақиқа вақтро мегирад, ки ин ба гурӯҳ имкон медиҳад то 100-120 донорро қабул кунад", — гуфт мудири шӯъбаи хунгузаронии гурӯҳ Азмиддини Қутбиддин.

Учения 201-й РВБ на полигоне Ляур - Sputnik Тоҷикистон
Халабонҳои пойгоҳи 201-ум дар кӯҳҳои Помир тамрин карданд

Вай таъкид кард, ки низомиёни пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар чорабинӣ иштироки фаъолона карда, дар тавсеаи донории Тоҷикистон саҳми босазо гузоштанд.  

"Пас аз тафтиши ҷидӣ дар озмоишгоҳ бонки хун пурра мегардад ва дар ҳолати зарурӣ он ҳам ба низомиён, ва ҳам ба дигар ниёзмандон дода мешавад", — таъкид намуд Қутбиддин.

Ҳамчунин вай аз фармондеҳии пойгоҳи низомии Русия барои ташкил кардани чорабинии мазкур дар сатҳи олӣ изҳори сипос намуд.

Лентаи хабарҳо
0