Майдони кишти пахта дар Тоҷикистон васеъ гардид

© AFP 2023 / STR / AFPХлопок, архивное фото
Хлопок, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кишти пахта имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оғоз гардида, 1867 адад техника бо тухмипошакҳо ба кишти пахта сафарбар карда шудааст

ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Имсол дар Тоҷикистон майдони кишти  пахта то 13,5 ҳазор гектар васеъ мешавад, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон.

"Бо дарназардошти талаботи бозор майдони кишти пахта дар ҷумҳурӣ сол аз сол зиёд гардида ҳосилнокии он меафзояд. Кишоварзони ҷумҳурӣ азм доранд, ки соли ҷорӣ дурнамои майдони кишти пахтаро ба 187500 гектар расонида, ҳосили дилхоҳ ба даст биёранд",- менависад манбаъ.

Космонавт Владимир Джанибеков - Sputnik Тоҷикистон
Ҷонибеков дар бораи таҷрибаи беназири парвариши пахта дар кайҳон нақл кард

Вазорат барои сари вақт ба анҷом расонидани маъракаи кишти пахта аз ҳисоби мутахассисони соҳа ситоди доимоамалкунанда таъсис дода, кор дар ин самт бо маром идома дорад.

Кишти пахта имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оғоз гардида, 1867 адад техника бо тухмипошакҳо ба кишти пахта сафарбар карда шудаанд.

Кишоварзон аз боду ҳавои мусоиди баҳорӣ самаранок истифода намуда, то санаи 2.04.2018 кишти пахтаро дар ҷумҳурӣ ба 42378 гектар расониданд, ки 22,6 %-и иҷроиши нақшаро ташкил медиҳад.

Ёдрас мешавем, соли гузашта пахтакорони кишвар нақшаи ҷамъоварии пахтаро пурра иҷро карда буданд.

Ҳамин тавр, кишоварзон 356107 (100,7%) тонна пахта ҷамъоварӣ карданд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2016 118 924 тонна бештар буд.

Лентаи хабарҳо
0