Раисони ҷавон: Раҷаббой Аҳмадзода як ҳафта Ҳукуматро ба дасти донишҷӯён месупорад

© Пресс-служба президента РТПредседатель согдийской области Раджаббой Ахмадзода, архивное фото
Председатель согдийской области Раджаббой Ахмадзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ин бора қарори вижаи раиси вилояти Суғд "Дар бораи гузаронидани Ҳафтаи иштироки донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят дар идоракунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд" ба тасвиб расид

ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи ҷавонон аз 7 то 14 майи соли равон "Ҳафтаи иштироки донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят дар идоракунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд" гузаронида мешавад, хабар медиҳад дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд.

Бино бар иттилои манбаъ, чорабинӣ бо мақсади баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлат нисбат ба ҷавонон, ҷалби онҳо ба фаъолияти амалии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ташкил карда шудааст.

Бино бар иттилои манбаъ, дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд аз 3 апрели соли 2018, №100 "Дар бораи гузаронидани Ҳафтаи иштироки донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят дар идоракунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд" ба тасвиб расид.

"Тибқи қарори зикршуда низомнома ва ҳайати комиссияи интихоби довталабон ба "Ҳафтаи иштироки донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят дар идоракунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд" тасдиқ гардида, шуъбаҳои дахлдор барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабинӣ вазифадор карда шудааст",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Манбаъ ёдрас мешавад, ки "Ҳафтаи иштироки донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят дар идоракунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд" аз соли 2005 инҷониб гузаронида шуда, тӯли ин солҳо садҳо нафар донишҷӯён дар ин иқдом ширкат варзидаанд.

Лентаи хабарҳо
0