Фоҷиа дар Олмон: ронандае се касро кушт ва 20 каси дигарро захмӣ кард

© REUTERS / HANDOUTLKW fährt in Menschenmenge in Münster: Tote und Verletzte
LKW fährt in Menschenmenge in Münster: Tote und Verletzte - Sputnik Тоҷикистон
Ронандае, ки рӯзи 7 апрел бо худраваш ба издиҳом ҳамла кард, бемории рӯҳӣ доштааст

ДУШАНБЕ, 8 апр- Sputnik. Дар шаҳри Мюнстери Олмон шахсе мошинашро ба рӯйи издиҳом ронда се касро ҳалок ва 20 тани дигарро захмӣ кардааст, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба рӯзномаи Sueddeutsche Zeitung.

Гуфта мешавад, ки ин ронанда бемории рӯҳӣ доштаасту пас аз ҳамла худкушӣ кардааст.

"Ҳамлагар шаҳрванди Олмон, бемори рӯҳӣ буд…Манзили ӯро ковтуков доранд", — менависад рӯзнома.Emergency services on the scene in Muenster, Germany pic.twitter.com/hi2oMFQITs

Сухан дар бораи ҳамлаи теруристӣ аз ҷониби гурӯҳҳои ҷиноие намеравад, навиштааст рӯзнома бо такя ба манобеи худ дар доираҳои мақомотӣ.

Ронандае, ки рӯзи шанбе бо мошинаш ба мардум ҳамла кард, бемории рӯҳӣ доштаасту пас аз ҳамла худкушӣ кардааст. 

"Ронанда худро парронд. Ҳоло мо маълумоте дар бораи шахсияташ дар даст надорем", — гуфтааст пулис дар суҳбат бо шабакаҳои телевизионӣ.

Ҳамчунин хабар дода шуд, ки аз дохили худрави ҳамлагар ашёи шубҳанок пайдо кардаанд.

Намояндаи расмии пулиси Олмон Андреас Боде қайд кардааст, ки дар бораи инфиҷор гуфтан барвақт аст.

"Ҳозир дар бораи инфиҷор гуфтан барвақт аст. Корҳои тафтишотӣ идома доранд", — изҳор дошт пулис.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала