Тоҷикистон дар ҷашнвораи “Фарҳанги халқҳои ҷаҳон” ҷои дуюмро гирифт

© Facebok/Фарход ДжомахмадзодаТаджикистан занял второе место на фестивале "Культура народов мира"
Таджикистан занял второе место на фестивале Культура народов мира - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистонро дар ҷашнвораи ҷавонони Маскав ҳунарпешагони дастаи “Гулчин” намояндагӣ карданд

ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Дар Академияи давлатии нақлиёти обии Маскав ҷашнвораи "Фарҳанги халқҳои ҷаҳон", баргузор шуд.  Дар он Тоҷикистон ҷои дуюмро ишғол кард.

Ҳадафи чорабинӣ, ки 5-уми апрел гузаронида шуд, ҷалб намудани насли ҷавон ба корҳои эҷодии халқҳои гуногун, таъмими фарҳангҳои миллӣ ва анъанаву одатҳои онҳо буд.

Ба ҷашнвора садҳо нафар омада буданд. Аз донишгоҳи НИУ МГСУ намояндагони чаҳор давлат ширкат карданд: Афғонистон, Русия (Черкесия), Тоҷикистон ва кишварҳои Африқо.

Тоҷикистонро ҳунарпешагони дастаи "Гулчин" намояндагӣ карданд.

Ҷавонон ба саҳна бо либос ва туппиҳои миллӣ баромада, дар назди тамошобинон якчанд рақси тоҷикӣ карданд.

Меҳмонони фахрии ҷашнвора кормандони сафоратхонаҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Сурия буданд.

Ҳамин тавр, ғолибони ҷашнвора (Гран-при) донишҷӯёне шуданд, ки фарҳангҳои кишварҳои Африқоро намояндагӣ мекарданд. Ҷои дувумро донишҷӯёни тоҷик ба даст оварданд. Ҷои сеюмро донишҷӯёни намояндагони фарҳангии Афғонистон гирифтаанд.

Ба кулли ҳунарпешагон ифтихорномаҳои фахрӣ дар робита ба шиносонидани ҷавонони Маскав бо хусусиятҳои фарҳангии кишварҳои худ, супорида шуд.

Лентаи хабарҳо
0