Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Медали тиллои Комроншоҳ Устопириён дар Гран-прии ҷудо

Комроншох Устопириён, архивное фото
Комроншох Устопириён, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар рӯзи охири сабқат паҳлавони тоҷик Комроншоҳ Устопириён медали тиллои сабқати байналмилалиро аз худ кард

ДУШАНБЕ, 9 апр— Sputnik. Ҷудочии номдори тоҷик Комроншоҳ Устопириён дар сабқати Гран-при-2018 дар Туркия ("Grand-Prix Antalya 2018") пирӯз шуд, хабар дода мешавад дар торномаи Федеросюни байналмилалии ҷудо.

Комроншоҳ шоми 8 апрел дар рақобати ниҳоӣ бо қаҳрамони ҷаҳон дар куштии ҷудо Неманҷа Маҷдов аз Сербистон пирӯзӣ ба даст овард.

Комроншох Устопириён с сыном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Комроншоҳ Устопириён: имсол бароям соли пурбарор буд

Пас аз ин пирӯзӣ паҳлавони тоҷик, Тоҷикистон миёни 50 кишвари иштирокдор ба зинаи 8-ум баромад.

Комроншоҳи Устопириён бори дуюм аст, ки сазовори медали тилло мегардад. Ӯ дар "Анталия Гран-при 2017" низ соҳиби мақоми аввал шуда буд.

Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии ҷудо беш аз 300 варзишкор аз 50 кишвар миёни ҳам рақобат карданд.

Дар ин мусобиқа дар вазни то 100 кг Саидҷалол Саидов мақоми ҳафтум касб кард.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 7 варзишгар: Наврӯз Каримзод, Беҳрӯзи Хоҷазода, Мирзоҷамил Рамазонов, Ҷаҳонгир Маҷидов, Акмал Муродов, Комроншоҳи Устопириён ва Саидҷалол Саидов муаррифӣ намуданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала