Русия масири парвозҳои ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистонро кӯтоҳтар кард

CC0 / Pixabay / Пассажиры в самолете, архивное фото
Пассажиры в самолете, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пештар Русия масири парвозҳои Душанбе-Маскавро қариб то як соат дароз карда буд

ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Тавре Вазорати нақлиёти Русия хабар медиҳад, Ожонси ҳаракатҳои ҳавоии Русия масири пештараи парвозҳои Душанбе-Маскавро барқарор кардааст.

"Пас аз гуфтушунидҳои Тоҷикистону Русия давомнокии парвозҳои масири Душанбе — Москва ва Москва — Душанбе ба реҷаи пештара бар гардонида шуд, ки он 3 соату 46 дақиқаро ташкил медиҳад ",- омадааст дар хабар.

Самолёт авиакомпании ЮТэйр. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мушкил нест: "ЮТэйр" аз Маскав ба Душанбе "баланд" парвоз мекунад

Ёдрас мешавем, моҳи марти соли равон ожонс парвозҳои ширкатҳои тоҷикиро дар ин масир қариб то як соат дароз карда буд. Намоянаи Вазорати нақлиёти кишвар ин иқдоми Русияро чунин тавзеҳ дода буд, ки роҳҳои ҳавоии кишвар пурборанд.

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҳам дар посух ба ин иқдоми Русия масири хатсайрҳои ширкатҳои русиро дарозтар карда буд.

Ҳафаи гузашта гуфтушунидҳои ҷониби Тоҷикислон ва Русия дар масоили ҳаракатҳои ҳавоӣ баргузор шуд, ки дар он тарафҳо тавонистанд ҳамаи маҳдудиятҳоро аз ҳам бардоранд.

Ҳамчунин ба ҷадвали тобистонаи байни кишварҳо 4 самти нав ифтитоҳ мешавад, ки он Перм-Душанбе, Жуковский-Кӯлоб, Челябинск-Хуҷанд ва Краснодар-Хуҷанд мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0