Тими Фарҳод Восиев барои баромадан ба пример-лигаи Русия мубориза мебарад

© Официальный сайт ФФТФарход Восиев, архивное фото
Фарход Восиев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳимоятгари тоҷик Фарҳод Восиев, ки дар дастаи футблои русиягии “Оренбург” бозӣ мекунад, барои баромадан ба дивизиони олӣ мубориза мебарад

ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Соли гузашта нимҳимоятгар Фарҳод Восиев, пас аз итмоми мӯҳлати созишномаи иҷоравияш бо дастаи "Истиқлол", ба "Оренбург" баргашт.
Бо "Истиқлол" Восиев дар чанд мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон ва Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё, бозӣ кардааст.

Ин мавсим дар чаҳорчӯбаи ЛМФ, ки дар он "Оренбург" баромад мекунад, Фарҳод Восиев дар ҳайати дастаи худ ҳамагӣ ду бозӣ гузаронидааст, ки дар яке аз онҳо бо корти зард "сабтином" шудааст.

Алъон дастаи ӯ пас аз 30 бозӣ дар ҷойи дуввум қарор гирифтааст. Дар активи даста 64 имтиёз буда, аз он баландтар дастаи "Енисей" бо 65 имтиёз ҷойгир аст. Ба пример-лига аз ЛМФ бевосита дастаҳое шомиланд, ки ҷойҳои якуму дуввумро соҳиб шуда бошанд. Барои баромадан ба ҷойи дуввуми лига, пошнаи пойи "Оренбург"-ро дастаҳои "Криля Советов" ва "Тамбов" зер мекунанд.

Ҳимоятгари тоҷик Восиев қаблан дар дастаҳои русиягии "Сатурн", "Криля Советов", "Жемчужина Сочи", "Шиник" ва "Волгар" баромад кардааст.

Лентаи хабарҳо
0