Багдасаров боз хостори фиристодани исмоилиёни Тоҷикистон ба Сурия шуд

© Sputnik Семен Аркадьевич Багдасаров
Семен Аркадьевич Багдасаров - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Семён Багдарсаров мегӯяд, ки исмоилиёни Кӯҳистони Бадахшон бояд чун шарикони Русия ба ҷанги Сурия бираванд

ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Дар чанд соли ҳузури Русия дар Сурия, шарике аз ҷумла Тоҷикистон ба мо кумак накард, мегӯяд Семён Багдасаров, коршиноси масоили Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ, мудири Маркази мутолеоти кишварҳои Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ.

Дар ин бора Багдасаров дар суҳбат бо радиои Вести FM гуфтааст.

"Суоле ба миён меояд: дар кишварҳои пасошӯравӣ чӣ мегузарад? Чаро мо чанд сол дар Сурия ҷанг мекунему ягон шарикамонро дар он ҷо намебием? Ҳич кас нест?", — гуфтааст сиёсатмадор.

Барои ҳалли ин мушкил Багдасаров бори дигар пешниҳод кард, ки аз ҳисоби тоҷикони Бадахшон 2-3 ҳанг ташкил бидиҳанд ва онҳоро барои ҷанг ба Сурия бифиристанд.

"Ман борҳо гуфтаам, ки мо ду кишваре дар ҳайъати Созмони Паймони амнияти дастҷамъӣ дорем, ки дар Сурия решаҳои мазҳабӣ ва этникӣ доранд. Ман Арманистон, ки қисме аз ин мардумаш дар Сурия ба сар мебарад ва исмоилиҳо-қисме аз аҳолии Кӯҳистони Бадахшон дар Тоҷикистонро дар назар дорам. Дар он ҷо мардум зиёд аст-500 ҳазор кас. Дар ВМКБ мешавад 2-3 ҳанг ташкил кард", — гуфт Багдасаров.

Пештар Багдасаров бо чунин пешниҳод баромад карда буд. Ин пешниҳоди Семён Багдасаров бо вокуниши тунди бархе аз корбарони тоҷикистонии шабакаҳои иҷтимоъӣ рӯ ба рӯ шуд.

Sputnik Тоҷикистон аз ин коршинос пурсид, ки оё ин пешниҳод то куҷо воқеъӣ ва шуданист?

"Исмоилиён розӣ хоҳанд шуд. Онҳо метавонанд ҳанг ташкил бидиҳанд, агар мо кумакашон кунем. Вале на исмоилиён ва на раҳбарии кишвар даст ба чунин коре нахоҳанд зад. Чаро? Чун раҳбарии Русия ҳам аз онҳо чунин дархосте накардааст. Ин кор шуданӣ буд, агар раҳбарони Русия исрор мекарданд, вале аз Маскав чунин пешниҳоде ба Тоҷикистон нашудааст", — тавзеҳ дод Багдасаров.

Лентаи хабарҳо
0