Кӯдакони чинӣ дар бораи Тоҷикистон чӣ медонанд?

© Фото : АЗ ВУХКӯдакони чинӣ дар сафоратхонаи Тоҷикистон дар Чин
Кӯдакони чинӣ дар сафоратхонаи Тоҷикистон дар Чин - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дипломатҳои тоҷик ба наврасони чинӣ дар бораи марҳилаҳои мухталифи таърих, фарҳанг ва анъанаҳои миллии тоҷикон маълумот дода, таъкид кардаанд, ки Тоҷикистону Чин кишварҳои ҳамсояи дӯст ва шарикони боътимод мебошанд

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Дар сафоратхонаи Тоҷикистон дар Чин? бо гурӯҳи рӯзноманигорони наврас аз шаҳри Тиенҷин, мулоқот баргузор шудааст, хабар медиҳад равобити умумии ВУХ Тоҷикистон.

Дар ин дидор дипломатҳои тоҷик ба наврасони чинӣ дар бораи марҳилаҳои мухталифи таърих, фарҳанги бою қадима ва анъанаҳои миллии тоҷикон маълумот дода, аз ҷумла таъкид бар он намуданд, ки Тоҷикистону Чин кишварҳои ҳамсояи дӯст ва шарикони боътимод мебошанд.

Чунин нишаст бори дуюм бо ибтикори Анҷумани рӯзноманигорони наврас доир мегардад.

Дипломатҳои тоҷик ба саволҳои мухбирони наврас ҷавобҳои муфассал дода, аз онҳо даъват кардаанд, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дӯстони худро дар Тоҷикистон пайдо кунанд ва бо падару модарашон ба Ватани зебои тоҷикон ба сайру саёҳат раванд.

Сафири Тоҷикистон Парвиз Давлатзода ҳозиринро хайрамақдам гуфта, ба ташкилкунандагони нишаст арзи сипос намудааст.

Лентаи хабарҳо
0