Аз Вазорати энержӣ то Водоканал: нашри рӯйхати ронандагони ҷаримагурез дар ВКД

© SputnikОбщественный транспорт в Душанбе
Общественный транспорт в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон феҳрасти ронандаҳоеро, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Душанберо нақз карда ва маблағи ҷаримаро пардохт накардаанд, нашр кардааст

ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ин ниҳод, рӯйхат дар асоси сабти дурбинҳои Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт — "Шаҳри бехатар" пешниҳод шудааст.

Аз ҳама бештар як сокини шаҳри Душанбе, Мавзудов Неъматулло, бо худрави "Опел-Астра" қоидаҳои ҳаракатро нақз кардааст. Бино ба иттилоъи ВКД, ин ронанда дар 179 ҳолат қоидаҳоро вайрон намуда ва ҳанӯз ҷаримаро пардохт накардааст.

Водитель за рулем автомобиля, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Нашри рӯйхати донишҷӯёни мошинсавор дар ВКД

"ГАЗ-3102"-и мутаалиқ ба сокини шаҳри Кӯлоб, Караев Ҷаббор 106 бор қоидаҳои ҳаракат дар роҳро нақз кардааст. Дар ин рӯйхат дар мақоми сеюм аз рӯи нақзи қоида, ронандаи худрави "Хундай-Соната"-и ҶДММ Сахи номбар шудааст. Ронандаи ин худрав 86 бор қоидаи ҳаракат дар роҳро вайрон кардааст.

Ҳамчунин дар баробари ҶДММ Сахи, қоидавайронкунии ронандагони ГУП Водоканал ва Вазорати энержӣ муайян шудааст.

Ронандаи худрави "ГАЗ-33081"-и мутаалиқ ба ГУП Водоканал шаҳри Душанбе, 72 бор ва ронандаи "ВАЗ-2107"-и Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, 66 бор қоидаро нақз кардааст.

Дар миёни ронандагони ҷаримагурез номи ду ронандаи зан ҳам омадааст.

Чунончӣ, сокини шаҳри Душанбе Гулҷаҳон Шокирова бо худрави "Опел-Астра" қоидаи ҳаракат дар роҳро 31 маротиба нақз карда, Раҳимова Сайёра бо худрави "Ниссан-Тиида"-26 бор нақзи қонун кардааст.

Дар умум Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйхати 24 ронандаи ҷаримагурезро нашр кардааст.

Пештар хабар дода будем, ки Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ду донишҷӯеро ошкор карда, ки бо худрави хусусӣ ба донишгоҳ ҳозир шуданд.

Ёдоварӣ мекунем, ки бар асоси ислоҳоте, ки чанде пеш дар Қонуни танзими ҷашну маросим ворид карда шудаанд, рафту омади донишомӯзону донишҷӯён ба мактабу донишгоҳҳо бо худрави хусусӣ қатъан мамнуъ аст.

Барои чунин қонуншиканӣ донишҷӯён аз донишгоҳҳо барои се сол ва донишомӯзони омӯзишгоҳу ҳунаристонҳо ва мактабҳо барои як сол аз муассисаҳои омӯзишӣ ихроҷ карда мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0