Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли СҲИ Халил Иброҳим Акча

© Пресс-служба президента ТаджикистанаМулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли СҲИ Халил Иброҳим Акча
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли СҲИ Халил Иброҳим Акча - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи 23 — юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ бо Дабири кулли ин Созмон Халил Иброҳим Акчаро дидору мулоқот кардааст

ДУШАНБЕ, 16 апр— Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон Халил Иброҳим Акчаро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, бинобар анҷоми давраи фаъолияташ ба ҳайси Дабири кулл, барои саҳми комгорона ва пурмаҳсулаш дар пешрафти кори Созмон, изҳори сипос кардааст, хабар медиҳад хадамоти матуботии раисҷумҳур.

Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо саҳми арзандаи Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва кишварҳои аъзоро дар таъмиқ ва тавсеаи ҳамкорӣ дар арсаи рушди иқтисодӣ ва рифоҳи иҷтимоӣ дар минтақа баланд арзёбӣ кардаанд.

Сироджиддин Аслов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Аслов дар нишасти СҲИ мавқеъи Тоҷикистонро бобати Исроил муайян кард

"Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиёт ва комуникатсия аҳамияти махсус зоҳир менамояд".

Дар ин мулоқот ҳамчунин масъалаҳои баҳрабардорӣ аз захираҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон ба хотири қонеъ намудани талаботи афзоишёбанда ба энергияи электрикӣ дар минтақа баррасӣ шудааст.

Истифодаи зарфиятҳои бузурги рушди туризм дар "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" дар Тоҷикистон бар нафъи кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ муҳим арзёбӣ гардид.

Раҳмон: Тоҷикистон ҳамаи кишварҳои ҳамсояро сероб мекунад

Эмомалӣ Раҳмон ва Халил Иброҳим Акча ҳамчунин масъалаҳои ҳамкории минтақавӣ, равобит ва саъю талоши муштарак баҳри рушди тиҷорати минтақавӣ, истиқрори сулҳу субот ва амният дар кишвари ҳамсояи мо, ҷалби бештари Афғонистон ба лоиҳаҳои минтақавӣ ва фароҳам сохтани шароитҳои мусоиди рушди иқтисодиро муҳокима кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0