Машқи пагоҳирӯзии зердастони Рустам Эмомалӣ дар боғи Рӯдакӣ

© Sputnik / Константин Чалабов / Гузариш ба медиабонкБег, архивное фото
Бег, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Машқҳои пагоҳирӯзӣ, тибқи нақшаи баргузории машқҳои оммавӣ рӯзҳои шанбе дар боғҳои фарҳангӣ фароғатӣ ташкил гардида, дар он тамоми кормандони шаҳрдорӣ ширкат мекунанд

ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Зердастони Рустам Эмомалӣ, рӯзи 14 апрел дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Устод Рӯдакӣ" машқи пагоҳирӯзӣ кардаанд, хабар медиҳад равобити умумии шаҳрдорӣ.

Субҳи рӯзи 14 апрел, дар доираи нақшаи баргузории машқҳои оммавӣ – варзишӣ таҳти унвони "Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст", ки аз ҷониби Дастгоҳи раисҷумҳур тасдиқ гардидааст, кормандони сохтору ниҳодҳои дастгоҳи раиси шаҳр дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Устод Рӯдакӣ" ба машқи пагоҳирӯзӣ фаро гирифта шуданд.

Чиновники, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Аз раис то вазир: пагоҳ масъулини вазорату идораҳои Душанберо ба машқи пагоҳӣ мебароранд

Пештар хабар дода шуд, ки кормандони ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон дастур гирифтаанд аз ин пас ҳар рӯзи шанбе бомдод, дастаҷамъона варзишу нармиш кунанд.

Чунин дастуреро раҳбари Кумитаи ҷавонону варзиш Аҳтам Абдуллозода додааст. Аммо мубтакири аслии ин дастур Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон дониста шудааст.

Ҳамчунин, рӯзи 14 апрел кормандони Вазорати кишоварзии ҶТ, Муассисаҳои давлатии "Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба варзиши сабук", "Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба гӯштин" дар "Боғи ҷавонон", Агентии омори назди Президенти ҶТ дар Боғи "Парчами давлатӣ", Вазорати умури хориҷӣ дар Боғи ба номи устод Рӯдакӣ ба машқи оммавӣ-варзишӣ баромадаанд.

Пештар хабар дода шуд, ки кормандони ҳукумати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба машқи пагоҳирӯзӣ баромаданд.

Лентаи хабарҳо
0