Қонуншикании 3 500 ронанда дар 6 рӯз дар Душанбе

CC0 / Pixabay / Автомобиль на дороге, архивное фото
Автомобиль на дороге, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар роҳҳои Душанбе 5 ҳолати идораи нақлиёт дар ҳолати мастӣ ошкор шуд. Нисбати ин ронандагон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шудаст

ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Дар пайи амалиётҳои бозҷӯии Шӯъбаи БДА Раёсати ВУД дар Душанбе, аз 10 то 16 апрел дар роҳҳои шаҳри Душанбе 3500 қонуншикании ронандагону пиёдагардҳо ошкор гардид. Дар ин бора вебгоҳи Раёсати ВУД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, 5 ронанда дар ҳолати мастӣ, 16 ронанда бе рақами давлатӣ, 4 — бе ҳуҷҷати ронандагӣ, 13- бе риояи чароғак ва 65 ронанда бе муоинаи техникӣ ба сари чамбараки мошин нишастаанд.

Ҳачунин муайян карда шуд, 135 ронанда суръати ҳаракати нақлиётро баланд бардошта, 115 ронанда ҳангоми идораи автомобил бо тефон сӯҳбат кардаанд.
Шӯъбаи БДА қонуншикании пиёдагардҳоро низ сабт кардааст: 802 пиёдагард ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ риоя накардаанд.

Раёсат таъкид мекунад, ки дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт дағалтарин қоидавайронкунӣ ба ҳисоб рафта, бар замми он ки ҷавобгарӣ дар ин самт вазнинтар гардидааст. Аммо ронандагоне низ ҳастанд, ки пас аз шаробнӯшӣ ҷуръат пайдо карда, мошин меронанд.

Дар роҳҳои Душанбе 5 ҳолати идораи нақлиёт дар ҳолати мастӣ ошкор шуд. Нисбати ин ронандагон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шудаст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала