Серенко: ҷангҷӯёни ДОИШ дар Афғонистон ҷои толибонро танг мекунанд

© Фото : Facebook / Андрей СеренкоЭксперт по Афганистану Андрей Серенко, архивное фото
Эксперт по Афганистану Андрей Серенко, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар он бора, ки оё интизори убури террористҳоро ба қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ мунтазир шуд ё на, сиёсатдон, коршиноси аршади Маркази омӯзиши Афғонистони муосир Андрей Серенко ибрози назар кард

Низомиёни Русия таҳвили диққати намояндагони ДОИШ (ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия мамнӯъ аст)-ро ба Осиёи Марказӣ ошкор кардаанд.

Ҳеҷ кас теъдоди аниқи ҷангиёни ДИ дар Афғонистонро намедонад, мешуморад сиёсатшинос Андрей Серенко.

Серенко: ИГИЛ перехватывает инициативу у талибов в Афганистане

Ӯ қайд кард, ки сарчашмаҳои гуногун арқоми аз 1500 то 10000 нафарро номбар мекунанд. Сиёсатшинос ёдовар шуд, ки роҳбарони ДИ Афғонистон ва Осиёи Марказиро ба фазои манфиатҳои худ шомил мекунанд, ва ҳатто нақшаҳои ба таҳти назорат гирифтани баъзе манотиқи мушаххасро кашидаанд, ки ҳудуди онҳо дар баёноти роҳбарони ҷангиён инъикос ёфтааст.

"Вале кашидани хатҳои марзии зебо як чиз асту, амалҳои воқеӣ чизи дигар. Ман чунин фикр мекунам, ки Давлати исломӣ ҳанӯз ба Осиёи Марказӣ ҳуҷумро ба нақша нагирифтааст", — гуфт Андрей Серенко ба Sputnik Тоҷикистон.

Ба ғайр аз ин, асосҳо барои боварӣ вуҷуд доранд, ки ҷангиёни ДОИШ кӯшиш хоҳанд намуд, ки маҳз дар Афғонистон мустаққар шаванд, зеро ҳамаи тарафдорони ин созмони ифротгароӣ ба он ҷо ҳаракат мекунанд.

Дар ояндаи дур ҳамлаҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ эҳтимол дорад, аммо ҳоло ДОИШ ба кӯшиши дарёфти муносиботи хуб бо "Толибон" (созмони мамнӯъ дар Россия)-и Афғонистон аст, мегӯяд Андрей Серенко. Ба андешаи ӯ, вазифаи ДИ — ҷалб намудани одамони ҳаракатҳои дигари ифротгароӣ ба тарафи худ аст.

Ин мавзӯро дар гузориши савтии мо муфассалтар пайгирӣ намоед.

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала