Раиси Кумитаи дин аз вазифааш озод шуд

© © Sputnik / Алексей ДружининПортфель с документами, архивное фото
Портфель с документами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҷасур Акромов раиси Кумитаи оид ба корҳои дини назди Девони вазирони Узбакистон таъйин гардид

ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Дар Узбакистон раиси Кумитаи оид ба корҳои дини назди Девони вазирон Ортиқбек Юсупов аз вазифааш озод карда шуд, иттилоъ медиҳад оҷонсии хабарии УзА.

Муайян шудааст, ки  ба вазифаи раиси кумита-Ҷасур Акромов ва муовинони вай Музаффар Комилов ва Нурмон Абдулҳасан, таъйин гардиданд.

Пештар иттилоъ дода шуда буд, ки Академияи байналмилалии исломӣ ва Мактаби илмии ҳадис дар Узбакистон барои беҳтар кардани фаъолияти динӣ-ирфонӣ таъсис дода шудаанд.

Илова бар ин, дар Кумитаи оид ба корҳои дини назди Девони вазирон маркази иттилоотӣ-таҳлилии омӯзиши равандҳои динӣ-иҷтимоӣ, таъсис дода мешавад.

Маркази мазкур ба таҳлили адабиёт ва маводи нашршуда оид ба мавзӯъҳои динӣ, зоҳир намудани омилҳое, ки ба суботи вазъияти динӣ-иҷтимоии ҷумҳурӣ таъсири манфӣ мерасонанд, ба коркард ва таҳияи тавсияҳо дар робита ба бартараф кардани онҳо, машғул хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала