Душанбе дар даҳгонаи беҳтарин шаҳрҳо барои гардишгарии баҳорӣ дар ИДМ

© Фото : Пресс-служба президента ТаджикистанаПарк Душанбе
Парк Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ин радабандӣ шаҳрҳои Минск, Остона ва Боку болотарин радаҳоро гирифтаанд, Тошканд дар шашум рада қарор гирифтааст

ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Пойтахти Тоҷикистон дар даҳгонаи шаҳрҳои Иттиҳодияи кишварҳои муштаракулманофеъ барои гардишгарии баҳорӣ ҷой гирифт, гузориш медиҳад бунгоҳи таҳлилии "ТурСтат".

Бино бар ин гузориш, шаҳри Душанбе дар миёни 10 шаҳр нӯҳумин радаро дарёфт кардааст. Дар ин радабандӣ шаҳрҳои Минск, Остона ва Боку болотарин радаҳоро гирифтаанд. Тошканд дар шашум рада қарор гирифтааст.

Концерт посвященный алмазному юбилею Ага-Хана IV в ГЦКЗ Россия - Sputnik Тоҷикистон
Намасте: гардишгарони ҳиндӣ ба Тоҷикистон моянд

Дар ин феҳрист шаҳри Ишқобод як зина болотар аз шаҳри Душанбе будааст.

Ин радабандӣ бар асоси таҳлили додаҳои сафарҳои баҳории гардишгарон дар соли ҷорӣ тартиб дода шудааст. Бино ба гузориши ТурСтат, гардишгарони русе, ки ба кишварҳои ҳамсуд сафар мекунанд, бештар гардишҳои рӯзҳои таътилро интихоб мекунанд.

Муддати миёнаи замони гардишгарӣ 3 рӯз аст. Ҳар як гардишгар дар як рӯз барои зиндагӣ ва хӯрок каамобеш 65 доллари амрикоӣ ҳазина мекунад. Гаштугузор ба шаҳрҳои Кишинёв ва Тошканд арзон, аммо Остона ва Боку барои гардишу тафреҳ роҳаттар будаанд. 

Лентаи хабарҳо
0