Ҳазор доллар барои пирӯзӣ дар озмуни дарёфти ҷоизаи Исмоили Сомонӣ

Дар Душанбе донишмандони ҷавон барои дарёфти ҷоизаи ба номи Исмоили сомонӣ рақобат мекунанд

ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш барои дарёфти Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соли 2018 озмун эълон менамояд.

Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илму техника корҳои намоён анҷом додаанд, пешбинӣ шудааст.

Ба гузориши равобити умумии Кумита, ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ ба 12 донишманди ҷавон дода мешавад, ки ҳазинаи ҳар кадоми он 1000 доллари амрикоӣ мебошад.

Студенты - Sputnik Тоҷикистон
Таҳсили ройгон дар Олмон: озмун барои донишҷӯёни тоҷик

Гуфта мешавад, ки ин ҷоиза бо мақсади рушду инкишофи иқтидори илмии Тоҷикистон ва ҳавасманд намудани фаъолияти эҷодии донишмандони ҷавон таъсис дода шудааст.

Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои тадқиқоти илмию амалӣ ҷиҳати инкишофи илмҳои бунёдӣ, гуманитарӣ, техникӣ, табиатшиносӣ ва тиб, коркард ва навоварие, ки метавонад иқтисодиёту иқтидори кишварро рушд диҳад, дода мешавад.

Озмун то 4 июни соли 2018 идома хоҳад ёфт.

Дар озмун донишмандони то 35-сола, ки рисолаи илмиашон то 4 июни соли 2017 ҳимоя шудаву натиҷаҳои кори илмиашон на кам аз як сол аст, ҳаққи ширкат доранд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала