Марҳами дарди дил: чигуна набераи Сино пизишки муваффақи Маскав шуд

© © из личного архива Броимшо МамадшоевХирург Броимшо Мамадшоев, архивное фото
Хирург Броимшо Мамадшоев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дуктур Броимшо Мамадшоев аз кӯдакӣ орзӯ дошт пизишк шавад ва ҳама кӯшишу талошашро кард то ба ин орзӯяш бирасад

ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik, Марина Мелник. Дилпизишк Броимшо Мамадшоев дар яке аз беҳтарин бемористонҳои шаҳри Маскав кор мекунад ва ҳамзамон роҳу чораҳои дармони бемориҳои дилро мепажӯҳад.

Дуктур Броимшо Мамадшоев то расидан ба орзӯяш роҳи пур печу тоберо пушти сар гузошта ва на ҷангу вайрониву на бекориву бенавоӣ натавонистанд ӯро боз доранд. Вай саргузашташро дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон боз гуфт.

Дуктур Броимшо дар Помир чашм ба ҷаҳон кушода ва кӯдакиву навҷавонияшро ҳамонҷо гузарондааст. Ҳамонҷо ҳам рухдоде рӯй дод, ки сарнавишти ӯро рақам зад.

Замоне, ки Броимшо ҳануз кӯдаки хурдсол буд, Замира ном яке аз ҳамдеҳагонаш бемор шуд. Пизишкҳо ошкор карданд, ки ин духтар нақси модарзодии қалб доштааст. Пизишки деҳа барояш доруҳоеро фармуд, вале ин доруҳо бештар гиёҳӣ буданд ва камтар асару таъсире доштанд. Қалби Замира бояд ҷарроҳӣ мешуд, вале аз камбахтии ӯву дигар беморон, он солҳо дар Помир амали ҷарроҳӣ анҷом намешуд.

Актер Самад Мансуров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Аз Хоруғ то Маскав: роҳи ҳунарии Самад Мансуров

Помир ҳарчанд сарзамине бисёр зебову диданӣ аст, вале он замон роҳаш ба чаҳорсӯи ҷаҳон баста буд. Ҳануз ҳам ин мушкил аз миён нарафта, вале сафар ба Помир чи аз роҳи заминӣ ва чи аз роҳи ҳавоӣ душвор ва гоҳе хатарнок низ ҳаст.

Аз дуриву душвории роҳ пеш аз ҳама худ мардуми Бадахшон ранҷ мебурданд, зеро наметавонистанд дар кӯтоҳтарин замон ёрии пизишкиро дарёфт кунанд.

"Он ҳамсояам ниёз ба амали ҷарроҳии қалб дошт, вале наздиктарин бемористоне, ки чунин амалро анҷом медоданд, дар шаҳри Новосибирск ҷой дошт. Чигуна мешуд дармонҷӯйро аз Помир ба Новосибирск бурд? Ҳамин пешомад маро такон дод ва тасмим гирифтам пизишк шавам. Бо худ қарор додам, ки улуми пизишкиро фаро хоҳам гирифт ва беморонро аз дарду ранҷ раҳо хоҳам кард!", — ба ёд меоварад Броимшо.

Роҳ ба сӯи дипломи пизишк

Дуктур Мамадшоев мегӯяд, замоне, ки тасмим гирифт пизишк шавад, 5-сола буд. Дар ин 43 соле, ки аз аз он замон гузашта, вай ҳаргиз аз ин роҳаш пас нагашта ва ҳамвора дар он рафта ва ба мақсад расидааст.

Вай дар мактаб яке аз беҳтарин донишомӯзон буд ва бештар ба улуми дақиқ, бавижа кимиё, алоқа дошт. Мактабаш ӯро ҳамвора ба олимпиадҳои вилоятӣ мефиристод ва ӯ бо пирӯзӣ бар мегашт. Чун хонаводаашон бузург буд – падару модараш ҳафт фарзанд доштанд – Броимшо падару модарро низ ёрӣ медод.

Сардухтури тоҷик Камол Махсатов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Аз Хуҷанд то Петербург: зиндагии табиби тоҷик дар Русия

Пас аз донишомӯхта шудан вай ду сол сарбозӣ кард. Вай даврони сарбозиашро дар Маскав гузаронда буд, ки дар замони шуравӣ комёбии бузурге шумурда мешуд. Броимшо ҳамроҳ бо ҳамхидматҳояш дар сохтусози Бемористони низомии Бурденко ширкат дошт. Вай мегӯяд замоне, ки утоқҳои ин бемористонро таъмир мекарданд, вай бо пизишкҳо ошно мешуд ва орзӯ дошт рӯзе ҳамкорашон шавад.

Пас аз анҷоми хидмати сарбозӣ Броимшо дубора рӯ ба дониш овард. Пешаву донишгоҳашро аз пеш интихоб карда буд ва довталаби Донишгоҳи пизишкии Абуалӣ ибни Сино шуд. Вале, камбахтона, он сол вай донишҷӯ нашуд. Боре вай на танҳо ноумед нашуд, балки бар кӯшишу талошаш афзуд ва барои соли оянда омода шуд. Ӯ дар Душанбе иҷоранишин шуд ва дар давраҳои пешдонишгоҳӣ ширкат кардан гирифт. Рӯзона коргарӣ мекард то даромаде барои ҳазинаи рӯзгор дошта бошад ва шомгоҳон ба донишгоҳ мерафту шабона худомӯзӣ мекард. Он сол бад-ин минвол гузашт ва тобистон фаро расиду имтиҳонҳои вурудӣ оғоз шуданд. Заҳмату кӯшишҳо инбор натиҷа доданд ва Броимшо ба осонӣ донишҷӯи донишкадаи ҷарроҳӣ шуд.

Вале ин даврони донишҷӯӣ дер давом накард. Чанд моҳе нагузашт, ки оташи даргириҳои ҷанг ба Душанбе ҳам расид ва донишгоҳҳо ночор таътил шуданд. Броимшо чорае ҷуз рафтан ба зодгоҳаш надошт.

"Помир дар ин ҷанг амалан ширкат намекард, ҳарчанд даргириҳо бархе аз ноҳияҳояшро фаро гирифта буданд. Ман ночор шудам Душанберо тарк кунам. Орзӯи пизишк шуданам тоза амалӣ мешуд, ки ҷанг ҳама кӯшишу талошамро бар бод дод. Аммо умедвор будам ва бовар доштам, ки рӯзе ҷанг ба поён мерасад ва ман ҳам ба орзӯям хоҳам расид", — мегӯяд дуктур Мамадшоев.

Хушбахтона чунин ҳам шуд. Вай чанд солеро бо хонавода дар Помир гузаронд ва худомӯзӣ кард то ин ки ҷанг ба поён расиду вай ба Душанбе бар гашт. Ин бор ҳам ба осонӣ аз имтиҳонҳои вурудӣ гузашт ва дубора донишҷӯ шуд.

Ин бор даврони донишҷӯияш хубу ором гузашт. Пас аз панҷ сол вай донишгоҳро ба поён расонд ва коршиноси ҷарроҳӣ шуд.

Лабханди бахт ва навовариҳои илмӣ дар Маскав

Броимшо дипломеро, ки солҳо орзӯяшро дошт, дарёфт карду роҳи Маскавро пеш гирифт. Дар пойтахти Русия ӯ бо хешовандонаш зиндагӣ мекард, вале натавонист дар бемористон кор пайдо кунад. Барои гузарони рӯзгор дуктури ҷавон дар фурӯшгоҳе наздик ба хонаашон рӯфтгарӣ мекард. Чанд моҳе бар ин гузашт, ки рӯзе бахт ба рӯяш хандид: мудири ин фурӯшгоҳ, ки зане маскавӣ буд, огоҳӣ ёфт, ки яке аз рӯфтгаронаш коршиноси улуми пизишкӣ аст.

"Мудир маро ба дафтараш хонду пурсуҷӯ кард. Саргузаштамро барояш боз гуфтам. Дилаш бароям сӯхт ва тасмим гирифт ёриям кунад. Аз яке аз дӯстонаш, ки иттифоқан дилпизишк (кардиолог) буд, роҳнамоиям кард то коромӯзи давраи дастёрии пизишкӣ (ординатура) шавам", — мегӯяд дуктур Мамадшоев.

Ситора Содаткадамова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ситора Содатқадамова: дар Тоҷикистон ҳамсолони маро пирдухтар мешуморанд

Бо роҳнамоии он хонум Броимшо санаду мадорикашро таҳия кард ва барои имтиҳон омода шудан гирифт. Ҳамон тобистон вай донишҷӯи Маркази илмии ҷарроҳии дилу раги Бакулев шуд.

"Бахт ёрам буд, ки дар Маркази Бакулев таҳсил кардам. Дар ин бунгоҳ ман ҳунари ҷарроҳиро дар амал ёд гирифтам. Дар ин марказ рӯзе ду – се дармонҷӯро ҷарроҳӣ мекунанд. Дар замони баргузории давраи дастёрӣ дар ин марказ ман дар амалҳои ҷарроҳӣ аввал танҳо ҳузур доштам ва сипас дастёрӣ мекардам. Дар ин давраҳо буд, ки ман аз ҷарроҳони пуртаҷруба ин ҳунарро омӯхтам. Афсӯс мехӯрам, ки дар замони донишҷӯии мо дар Душанбе чунин амалҳои ҷарроҳӣ анҷом дода намешуданд", — мегӯяд вай.

Броимшо давраи дастёриро бо комёбӣ ба поён расонд ва донишҷӯи аспирантура шуд. Дар ин давра вай дар заминаи ҷарроҳии сурхраги шуш ҷустору пажӯҳиш дошт ва поённома менавишт. Дар паи ин ҷустору пажӯҳиш дуктур Мамадшоев чанд равиши нави дармони бемориҳои дилу шуши кӯдаконро ёфт.

Броимшо соли 2015 бо муваффақият аз поённомааш дифоъ кард ва номзади улуми пизишкӣ шуд. Пажӯҳишгарӣ ӯро бисёр саргарм кард ва ҳарчанд роҳаш то дарёфти унвони номзади улуми пизишкӣ бисёр душвору пурпечу хам буд, аммо ӯ тасмим гирифт ҷустору пажӯҳишро идома диҳад. Акнун вай поённомаи дигареро дар даст дорад ва мехоҳад профессор шавад.

Пизишк ва мададгор

Броимшо Мамадшоев ҳамакнун пизишки номдоре аст. Ӯ дар Пажӯҳишгоҳи ҷарроҳии Вишневский дар Маскав кор мекунад. Вай ҳар рӯз 6 – 7 дармонҷӯро ҷарроҳӣ мекунад, ки бисёре аз онҳо сахт бемор ҳастанд. Гоҳе низ мешавад, ки ҳамшаҳриёни тоҷикистонияш дар вазъе бисёр вахим рӯи тахти ҷарроҳияш мехобанд.

Вай мегӯяд, ки бархе аз дармонҷӯён шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд, ки ҳар аз гоҳе барои тамдиди санадҳои будубошашон дар Русия савори минибусҳои "Газел" то марзи Укроин мераванд ва дар роҳ дучори тасодуф мешаванд.

Ситора Шохдавлат, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ситора Шоҳдавлат: бо дӯстони накӯкорам ифтихор дорам

"Бисёре ҳам дар сохтмонҳо захмӣ мешаванд. Чунончи, соли 2017 ду ҳамшаҳриям аз ошёни 17-ум сарозер афтода буданд. Ҳарчанд сахт захмӣ шуда буданд, вале хушбахтона зинда монданд", — мегӯяд дуктур.

Ӯ ҳамчунин аз мавриде ёд мекунад, ки ҷавоне дар бозии футбол сутунмӯҳраашро сахт лат дода буд ва касе аз пизишкон ёро надошт ӯро ҷарроҳӣ кунад, аммо дуктур Мамадшоев хатарашро пазируфт ва наҷоташ дод.

Ӯ мегӯяд, ки ҳар кадоме аз дармонҷӯёнашро дар ёд дорад.

Дуктур Броимшо дар фурсатҳои озод барои маҷаллаҳои илмӣ мақола менависад ва ё бо маъмуриятҳои пизишкӣ ба дигар кишварҳо сафар мекунад. Ӯ чанд бор ба Покистон ва Кения сафар карда ва бо таҷрубаи он кишварҳо дар бархӯрд бо муҳоҷирон ошно шудааст ва худ низ таҷрубаашоро бо ҳамкорони хориҷиаш табодул кардааст.

Ёрӣ ба тоҷикон

Вай аз даврони коромӯзӣ дар давраҳои дастёрии пизишкӣ умури хайрия низ анҷом медиҳад. Ӯ солҳо боз довталаби Созмони беҳдошти Оқохон дар Маскав аст ва ҳамроҳ бо дигар пизишкон ба шаҳрвандони муҳоҷири Тоҷикистон ёрии пизишкӣ мерасонад.

"Дар даврони коромӯзӣ ҳар шомгоҳе пас аз дарс ба дафтари Бунёди Оқохон дар Маскав мерафтам то ёрие ба ҳамшаҳриҳоям бирасонам. Он замон гурезаҳо аз Тоҷикистон дар Маскав бисёр буданд ва камтар касе аз онҳо пуле дошт, ки худу наздиконашро доруву дармон кунад. Бунёди Оқохон аз гурезаҳову муҳоҷирон пуштибонӣ мекард ва барояшон санаду мадрак таҳия ва кор пайдо мекард то сармояе ба даст оваранд", — ба ёд меорад Броимшо.

Вай замоне, ки довталабона муҳоҷирон аз Осиёи Марказиро ёрии пизишкӣ мерасонд, ҳамшаҳриҳояшро бисёр дучор мешуд. "Онҳо бисёр шод мешуданд, ки пизишке ба забони модарияшон барояшон доруву дармон тавсия мекунад", — тавзеҳ медиҳад дуктур.

Чанде пеш вай бунёди хайрияе ташкил кард, ки "Делаем добро вместе" ном гирифт.

"Мо ба василаи ин созмони хайрия барои дармони муҳоҷироне, ки дар Маскав будубош доранд, пул ҷамъоварӣ мекунем. Бархе аз ин муҳоҷирон дар сохтмону корхонаҳо осеб мебинанд, бархе аз будубош дар таҳхонаву маконҳои номуносиб барои зиндагӣ бемор мешаванд. Муздашон ҳам кам аст ва пуле барои дармон ҳам надоранд. Аз ин рӯ, мо ҳар боре, ки хабар меёбем, ки касе аз ҳамшаҳриҳоямон барои ҷарроҳӣ ба пул ниёз дорад, даст ба кор мешавем ва он маблағро аз накӯкорон ҷамъоварӣ мекунем. Хушбахтона, накӯкорон дар миёни мардуми Тоҷикистон бисёр ҳастанд, хоҳ коргар бошанду хоҳ корманд ва ё донишҷӯву соҳибкор", — мегӯяд дуктур Броимшо Мамадшоев.

Погрузка гуманитарной помощи из самолета МЧС РФ в аэропорту Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Ёрии муҳоҷирон ба ниёзмандони Рӯшон: аз пӯшоку пойафзор то доруву дастгоҳ

Вай ёдоварӣ мекунад, ки ин кумакҳо инфиродӣ ҳастанд ва ҳаҷмашон чандон калон нест, вале бо ҳамин роҳ тавонистаанд чандин касро аз марг наҷот диҳанд.

Сарнавишти Замира чи шуд?

Броимшо саранҷом ба орзӯяш расиду дилпизишк шуд ва Замираро, ки ин орзӯро дар дилаш падид оварда буд, ҷарроҳӣ ва дармон кард.

Ӯ ҳазинаи сафари Замираро ба василаи бунёди хайрияаш таҳия кард ва соли 2017 дили Замираро дар бемористони Бакулев ҷарроҳӣ кард. Акнун Замира дар рустояшон саломат зиндагӣ ба сар мебарад.

Дуктур Броимшо Мамадшоев ёрияшро аз касе дареғ надоштааст. То кунун чандин беморро аз Помир ба Маскав овардаву дар бемористонҳо бистарӣ ва дармону ҷарроҳӣ кардааст. Вай ҳар тобистон Тоҷикистон меравад ва чун бар мегардад, афсӯс мехӯрад, ки вазъи беҳдошту дармон дар Помир соз аз сол бадтар мешавад.

"Дар рустоҳои Помир бузургсолону кӯдакон танҳо мондаанд. Ҷавонон ба шаҳрҳо мераванд, донишҷӯ мешаванд ва диплом дарёфт карда ҳамонҷо мондгор мешаванд. Бисёре аз ҷавонон ба Русия ва ё дигар кишварҳои Урупо муҳоҷират мекунанд", — мегӯяд дуктур.

Броимшо Мамадшоев орзӯ дорад вазъ дар Меҳанаш беҳбуд ёбад. Ӯ барои амалӣ шудани ин орзӯяш ҳама кӯшишу талошашро мекунад ва донишу тавонашро барои беҳбуди саломати ҳаммеҳанонаш ба кор мебарад.

Лентаи хабарҳо
0