Қадрдонии ҳукумати Тоҷикистон аз Комроншоҳ Устопириён

© Национальный олимпийский комитет РТВстреча Комроншоха Устопириёна в аэропорту Душанбе
Встреча Комроншоха Устопириёна в аэропорту Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Паҳлавони тоҷик Комроншоҳ Устопириён барои пирӯзӣ дар сабқати ҷудои Анталия қадрдонӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Кумитаи миллии олимпии  Тоҷикистон варзишкори маъруфи кишвар Комроншоҳ Устопириёнро қадрдонӣ кардааст, хабар медиҳад равобити умумии ин ниҳод.

"Бо қарори бюрои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷудо Комроншоҳ Устопириён барои ба даст овардани медали тиллои Гран Прии Анталия-2018, бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 500 доллар қадрдонӣ шуд", — омадааст дар хабарнома.

Комроншох Устопириён, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Медали тиллои Комроншоҳ Устопириён дар Гран-прии ҷудо

Ёдоварӣ мекунем, ки Комроншоҳ дар сабқати ҷудо, дар вазни 90 кило дар даври муқаддамотӣ бар ҳарифонаш Самулӣ Виитанен аз Финляндия, Колтон Броун аз ИМА ва дар нимниҳоӣ бар Муҳаммадалӣ Меҳдиев аз Озарбойҷон ғолиб омада, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Дар қувваозмоии ниҳоӣ қаҳрамони феълии ҷаҳон Неманҷа Маҷдови сербиро шикаст дода, сазовори медали тилло гардид.

Паҳлавони тоҷик пас аз ин пирӯзӣ дар раддабандии вазни 90 килои Федеросюни ҷаҳонии ҷудо аз ҷои ҳафтум ба ҷои чорум баромад.

Комроншоҳ рӯзи 17 апрел аз Истанбул ба Душанбе омад. Ӯро дар фурудгоҳи Душанбе масъулини соҳа, наздикону ҳаводоронаш пешвоз гирифтанд.

© Национальный олимпийский комитет РТВстреча Комроншоха Устопириёна в аэропорту Душанбе
Встреча Комроншоха Устопириёна в аэропорту Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Встреча Комроншоха Устопириёна в аэропорту Душанбе

Комроншоҳ Устопириён аз дастгирии молиявии КМО Тоҷикистон ҳар моҳ дар ҳаҷми 700 доллар  бархурдор буда, ҳамзамон  стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзишро дар ҳаҷми 400 сомонии моҳона дарёфт мекунад.

Лентаи хабарҳо
0