Бод мевазад, борон намеборад: обу ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

© © Sputnik / Амир ИсаевЦветущие деревья в Душанбе, архивное фото
Цветущие деревья в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз, 21 апрел дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрноки бебориш шуда, дар баъзе ҷойҳо бод мевазад

ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон ба огоҳии шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрӣ ва бебориш мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, бод аз сӯи шарқ 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6-11 ва рӯзона 20-25 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Город Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Шамолак мевазад: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 1-4 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 6-11 дараҷа сард ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок шуда, бод аз сӯи шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 5-10 ва рӯзона 22-27 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар водиҳо шабона 3-8 ва рӯзона 21-26 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи абрнок шуда, ҳарорат шабона 3-5 ва рӯзона 23-25 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0