Мардуми Самарқанд суғдиёнро гарм пешвоз гирифтанд

© Facebook / Негматулло МирсаидовОткрытие КПП на таджикско-узбекской границе, связующего Самарканд и Пенджикент
Открытие КПП на таджикско-узбекской границе, связующего Самарканд и Пенджикент - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи 20 апрел бо мақсади ширкат дар Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар вилояти Самарқанд, гуруҳи калони намояндагони вилоят бо роҳбарии Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Самарқанд сафар карданд

ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Намояндагони вилояти Суғдро дар гузаргоҳи сарҳадии "Ҷартеппа" ҳокими вилояти Самарқанд Туробҷон Ҷӯраев ва фаъолону сокинони минтақаҳои наздимарзӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд, хабар медиҳад равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд.

© Фото : Аз ҳукумати СуғдДар шаҳри Самарқанд
Дар шаҳри Самарқанд - Sputnik Тоҷикистон
Дар шаҳри Самарқанд

Ба гузориши манбаъ, ба муносибати ташрифи меҳмонон дар гузаргоҳи сарҳадии "Ҷартеппа" барномаи фарҳангӣ намоиш дода шудааст.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Рӯзҳои фарҳанги Суғд дар Самарқанд, бо ширкати санъаткорони вилояти Суғд барномаи калони консертӣ намоиш дода мешавад.

Ҳамзамон миёни доираҳои тиҷоратии ду вилоят Бизнес-форум ва намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатии ҷонибҳо ташкил хоҳад шуд, ки дар дар доираи он ба имзорасони созишномаҳои ҳамкорӣ дар назар аст.

Дар доираи чорабиниҳо ҳамзамон дастаи футболи "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд бо дастаи футболи "Динамо"-и шаҳри Самарқанд дидори дӯстона анҷом медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0