Тоҷикистон бори дигар ҳаққи бознишастагии муҳоҷиронро ба Русия ёдрас кард

© Sputnik / © Sputnik Пассажиры готовятся на вокзале к посадке в поезд Москва-Душанбе
Пассажиры готовятся на вокзале к посадке в поезд Москва-Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Ҳамчунин кишвар пешниҳод кард, ки Русия муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро бо нафақа таъмин кунад

ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода пас аз маҷлиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия дар Маскав дар ҳамоише гуфт, кишвар пешниҳод кардааст, ки муҳоҷирони тоҷик бе сабти ном то 30 рӯз дар Русия будубош кунанд.

"Ҷониби Тоҷикистон пешниҳод кард, ки мӯҳлати будубоши муҳроҷирони меҳнатии тоҷик бидуни сабти ном то 30 рӯз дароз карда шавад. Ҳамчунин муҳоҷирон тавонанд, то 6 моҳ дар Русия монанд (агар патент нагиранд-идора). Мо пешниҳод кардем, ки Русия ҳамчунин масъалаи  вазъи оилавии муҳоҷирон ва таъмини онҳоро  бо нафақа дида барояд. Русия ин масъалаҳоро баррасӣ хоҳад кард",- гуфт нахуствазир.

Ёдрас мешавем, пештар раиси пешини вилояти Суғд ва муовини аввали раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон Абдураҳмон Қодирӣ низ дар ҳамоише дар Маскав пешниҳод карда буд, ки Русия ба муҳоҷирони тоҷик ҳаққи бознишатсагӣ диҳад.

"Мо пешниҳод мекунем, ки шарту шароити муҳоҷирони корӣ дар Русия аз ҷумла, ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ва пардохти ҳаққи бознишастагӣ, тамдиди муддати буду бош дар Русия ва эҳтимоли арзонтар кардани нархи патент баррасӣ шавад", — афзуда буд раиси пешини вилояти Суғд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала