Аспи набераи Раҳмон дар сабқати аспдавонӣ пирӯз шуд

© Sputnik / Амир ИсаевСкачки в Душанбе
Скачки в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар сабқати аспдавонӣ дар Душанбе наздики 80 асп ширкат кард. Аспи набераи Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи дуюм аввалин шуда ба марра расид

ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Дар Душанбе дар Рӯзи пойтахт сабқати аспдавонӣ баргузор шуд. Ин чорабинии варзишӣ дар "Наврӯзгоҳ" барпо гардид.

Дар мусобиқа чобуксаворон бо беш аз 80 аспи зоти тоҷикиву англисӣ ширкат карданд.

Чобуксаворон дар масофаҳои 1000 метр, 1600 метр ва 2000 метр миёни ҳам рақобат карданд. Мусобиқа дар 8 марҳила сурат гирифта, дар марҳилаи якум, ки масофаи 1000 метр, пирӯзӣ насиби аспе бо лақаби "Рамз" аз Шермуҳаммад Шоҳиён гардид. Вақти нишондодаи "Рамз" 1­ дақиқаю 09 сонияро ташкил дод.

Скачки в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
"Рахш"-и писари Рустам Эмомалӣ бори дигар соҳиби шоҳҷоиза шуд

Дар марҳилаи дуюм миёни аспҳои 3-солаи зоти англисӣ асп бо лақаби "Шерхан-дарк" аз Анӯшервони Рустам дар муддати як дақиқаю 40 сония масофаро паймуда, зинаи аввалро ишғол кард.

Дар зинаи дуюм асп бо лақаби "Паймон" аз Сомонҷон ва дар зинаи сеюм асп бо лақаби "Горизонт" аз Хуршед Мирзо қарор гирифтанд.

Дар марҳилаи сеюм миёни аспҳои зоти англисӣ, ки Шоҳҷоиза гузошта шуда буд, бо камтарин тафовут ғолибият насиби аспи Ромиш Умаров бо лақаби "Ваксайд" гардид. Зинаи дуюм насиби "Рахш"-и Анӯшервони Рустам шуд. Ёдовар мешавем, ки фарқ миёни пешсафи пойга ва "Рахш" ҳамагӣ 0,5 сонияро ташкил дод.

Дар марҳилаи чорум миёни аспҳои 4 солаи зоти тоҷикӣ, ки дар масофаи 2000 метр баргузор шуд, "Энергетик" аз хоҷагии деҳқонии Дошмандии ноҳияи Файзобод ғолиб гардид.

Марҳидаи панҷум миёни аспҳои зоти ахалтекини дар масофаи 600 метр гузаронида шуд. Дар ин масофа асп бо лақаби "Тарнада" аз Муҳиддин Пиров бо нишондоди 1 дақиқаю 56 сония зинаи аввалро ишғол намуд.

Ғолиби марҳилаи шашум миёни аспҳои 3-солаи зоти тоҷикӣ дар масофаи 1600 метр аспи Парвиз Давлатов бо номи "Бомдод" гардид.

Дар марҳилаи ҳафтум дар масофаи 1000 метр миёни аспҳои зоти англисӣ ва ахалтекинӣ аспи Сарвар Қурбонов бо лақаби "Зайтун" ғолиб омад.

Дар марҳилаи ниҳоӣ аспҳои сину соли гунонуни зоти тоҷикӣ дар масофаи 2000 метр сабқат карданд.

Миёни 15 аспе, ки дар ин масофа номнавис шуда буданд, асп бо лақаби "Звезда" аз хоҷагии деҳқонии Бегиҷони шаҳри Роғун аввалин шуда, ба марра расид.

Ҳамин тариқ ба ғолибоне, ки сазовори зинаҳои ифтихорӣ шуданд, аз ҷониби шаҳрдорӣ медалу ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ тақдим гардид.

Лентаи хабарҳо
0