Навори пароканда кардани тазоҳурот дар Ереван

Рӯзҳои истироҳат дар шаҳри Ереван бар зидди Серж Саргсян, ки нахуствазири Арманистон интихоб шуд, эътироз барпо гардид

Саргсян ду бор ба симмати раисҷумҳурӣ интихоб шудааст, соли 2008 ва соли 2013. Мухолифин ӯро дар раҳбарии ғайриқаноатбахш ва бадшавии фазои истиқодӣ айбдор мекунанд.

Рӯзи якшанбе раҳбари мухолифин Никол Пашинян ва Саргсян мулоқот карданд. Ин дидор беш аз се дақиқа давом накарду бе натиҷа анҷом ёфт.

Сарвазир кори мухолифинро таҳдид гуфту аз Никол даъват кард, ки аз рӯи қонун амал кунад, ва атҳдид кард, ки вагарна ҳамаи ҷавобгарӣ ба сари ӯ хоҳад афтод.

Президент Армении Серж Саргсян. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Серж Саргсян нахуствазири Арманистон интихоб шуд

 

Пулис хабар дод, ки тазоҳургаронро иҷборан пароканда мекунанд ва мухолифинро бо раҳбарии Пашинян аз макони эътироз бурданд. Дар ин росто Пашинян ва ду вакили дигар-Арарат Мирзоян ва Сасун Микаелян боздошт шуданд.

Кремл тазоҳурот дар Ереванро кори дохилии Арманистон медонад, гуфт сухангӯи раисҷумҳури Русия, Дмитрий Песков.

"Ин кори дохилии Арманистон аст, ин чизест, ки ман метавонам бигӯям", —гуфт Песков ба рӯзноманигрон.

Дар баробари ин Песков қайд кард, ки Русия вазъияти Арманистонро мушоҳида дорад.

 

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала