Раисҷумҳури Чин бо Сироҷиддин Аслов мулоқот кард

© AP / Mark SchiefelbeinПредседатель КНР Си Цзиньпин, архивное фото
Председатель КНР Си Цзиньпин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин изҳор дошт, ки дар тӯли 17 соли фаъолияти худ СҲШ роҳи ғайриодии рушдро паси сар намуда, ба як ташкилоти мукаммалу бонуфӯзи минтақавӣ табдил ёфт

ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Раисҷумҳури Чин Си Ҷинпин бо вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов мулоқот кардааст. Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон гузориш медиҳад.

Бино бар иттилои ВУХ, 23 апрели соли 2018 дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони умури хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ дар Пекин, вазирони умури хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва роҳбарони мақомоти доимоамалкунандаи Созмони мазкурро раисҷумҳури Чин Си Ҷинпин ба ҳузур пазируфт.

"Дар ин вохӯрӣ вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов иштирок намуд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Си Ҷинпин изҳор доштааст, ки дар тӯли 17 соли фаъолияти худ СҲШ роҳи ғайриодии рушдро паси сар намуда, ба як ташкилоти мукаммалу бонуфӯзи минтақавӣ табдил ёфт.

" Айни замон дар доираи СҲШ ҳамкориҳои кишварҳои узви Созмон дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла дар соҳаи амният, робитаҳои хориҷӣ ва бунёди ниҳодӣ устуворона пеш мераванд",- изҳор доштааст вай.

Вай афзудааст, ҷониби Чин мусоидат ба рушди СҲШ-ро ҳамчун яке аз самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии худ арзёбӣ менамояд. Чин омода аст, ки дар якҷоягӣ бо кишварҳои узви Созмон дар соҳаи сиёсӣ ҳамдигарро дастгирӣ намуда, дар таъмини субот ва амният дар минтақа талош варзад, сатҳи ҳамоҳангиро баланд бардошта, дар ҷанбаи ҳамкориҳо дар доираи ташаббуси "Камарбанд ва роҳ" механизми равобити минтақавии иқтисодиро таъсис диҳад ва алоқаҳои фарҳангиро вусъат бахшад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала