Путин ба шаш тоҷик шаҳрвандӣ дод

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкРоссийский паспорт
Российский паспорт - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бино бар фармони раисҷумҳур, зодагони Тоҷикистон баробари савгандёдкунӣ соҳиби шаҳрвандии Русия мешаванд

ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин фармонеро ба имзо расонид, ки мутобиқи он шаш тоҷик шаҳрвандии Русияро ба даст оварданд. Фармони раисҷумҳур дар вебгоҳи маълумоти ҳуқуқӣ мунташир шудааст.

Шаҳрвандии Русияро ҳамчунин шаш шаҳрванди Узбакистон, панҷ — Украина ва се озарбойҷонӣ соҳиб шуданд. Путин ба зодагони Туркманистон, Белорус, Ветнам ва Марокаш низ гузарномаи русӣ дод.

Бино бар фармон, шаҳрвандон пас аз маросими савгандёдкунӣ расман шаҳрванди Русия мешаванд. Нафароне, ки ба балоғат нарасидаанд, баробарии савганд ёд кардани волидайн, онҳо низ шаҳрванди Русия мешаванд.

Ҳамагӣ аз кишварҳои ИДМ 40 нафар соҳиби шаҳрвандии Русия шуданд.

Моҳҳои декабри соли гузашта хабар дода шуд, ки дар Душанбе 50 тан савганд ёд карда, шаҳрвандии Русияро қабул карданд.

Маросими савгандёдкунӣ дар консулгарии Русия дар Тоҷикистон баргузор шуду 50 сокини Душанбе соҳиби шаҳрвандии Русия шуданд.

Нафаре, ки савганд мехӯрад, нахуст бо овози баланд матни савгандро хонда пасон рӯи коғазе ному насаб ва рӯзу моҳу солро навишта соядаст мегузорад.

Лентаи хабарҳо
0