Ман хато кардам: истеъфои нахуствазири Арманистон Серж Саргсян

Иқдомоти эътирозӣ алайҳи интихоби Серж Саргсян ба симати сарвазири Арманистон рӯзи 13-уми апрел шурӯъ шуд

ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Нахуствазири Арманистон Серж Саргсян истеъфо дод, хабар медиҳад хадамоти матбуотии вай.

"Бори охир ба шумо ҳамчун роҳбари кишвар муроҷиат мекунам. Никол Пашинян ҳақ буд. Вале ман хато кардам. Дар ин ҳолати рухдода чанд тасмим вуҷуд дорад, вале ман ба ягонтои онҳо мувофиқ нестам. Ин хоси ман нест. Ман аз вазифаи роҳбари кишварамон истеъфо медиҳам", — навиштааст дафтари матбуотӣ аз суханронии Саргсян.

Иқдомоти эътирозӣ алайҳи интихоби Серж Саргсян ба симати нахуствазири Арманистон рӯзи 13-уми апрел шурӯъ шуд. Оқои Саргисян ду маротиба, дар солҳои 2008 ва 2013, ба вазифаи раисиҷумҳурӣ интихоб гардид. Мухолифин ӯро ба идоракунии бесамар ва бад шудани вазъияти иқтисодии кишвар айбдор мекунанд.

Президент Армении Серж Саргсян. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Серж Саргсян нахуствазири Арманистон интихоб шуд

Ҳабдаҳуми апрел мухолифин оғози "инқилоби махмалӣ"-ро эълон карданд. Сарфи назар аз эътирозҳо, парлумони Арманистон худи ҳамон рӯз Саргсянро роҳбари Девони вазирон интихоб намуд. Дар айни замон, тағйирот ба сарқонуни кишвар ворид шуд, ки тибқи онҳо сарвазир дорои ваколатҳои зиёду васеъ бояд мегашт.

Вакили мухолифи парлумони Арманистон Никол Пашинян, ки иқдомоти эътирозиро алайҳи сарвазири Арманистон Серж Саркисян роҳбарӣ мекард, эълом дошт, ки "тазоҳуроти ғолибона"-и тарафдорони ӯ соати 17:30 ба вақти Маскав, баргузор хоҳад шуд.

Пашиниян, ки ба наздики ҳангоми роҳпаймоӣ дар ноҳияи Эрбунии шаҳри Ереван боздошт ва маҳбас шуда буд, рӯзи душанбе ба озодӣ баромад. Ҳамроҳи ӯ боз ду вакили дигар — Арарат Мирзоян ва Сасун Микаелян низ аз маҳбас халос шуданд.

"Тӯли ин 24 соат ман дар инзивои комил будам. Ба ман ду соат вақт лозим аст, то ки тамоми мушкилотамонро бо ҳамсафони худ баррасӣ кунем, ба масоили озодкунии маҳбусони боздоштшуда машғул шавем ва дар соати 17:30 тазоҳуроти ғолибонаи мо оғоз хоҳад шуд", — эълом дошт Пашинян ба тарафдорони худ.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала