Дар марзи Тоҷикистону Узбакистон 18 намояндагии сарҳадӣ мекушоянд

CC BY 2.0 / upyernoz / Tajik-Uzbek BorderНа таджикско-узбекской границе. Архивное фото
На таджикско-узбекской границе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар марзи Тоҷикистону Узбакистон 18 намояндагии сарҳадӣ ба кор шурӯъ хоҳанд кард, ки 7-тои онҳоро Душанбе ва 11-тояшро Тошканд бунёд мекунанд

ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон созишномаи байни Ҳукуматҳои ҷумҳурӣ ва Узбакистон созишнома  ба тасвиб расид.

Созишнома боз кардани 18 намояндагиро дар марзи ду кишвар пешбинӣ мекунад. Аз онҳо 7-тояшро Тоҷикистон ва 11-тояшро Узбакистон месозанд.

Намояндагиҳои сарҳадӣ бевосита ва фавран баҳсҳо ва ихтилофҳои пешомадаро бартараф хоҳанд кард.

Афзун бар ин, дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон Созишномаи дар моҳи декабри соли гузашта имзошудаи  байни Ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб низ ба тасвиб расид, ки ҳамкорӣ ва кӯмаки мутақобиларо дар масоили гумрукӣ даро назар дорад.Созишномаи мазкур табодули иттилоот ва маълумоти оморӣ байни идораҳои гумрукии ду кишварро пешбинӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки 9-10 марти соли равон зимни сафари расмии раисиҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирозиёев ба Душанбе, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомали Раҳмон аз ҳамтои худ хоҳиш намуд, ки масъалаи зиёд кардани мӯҳлати будубоши шаҳрвандони кишварашро бидуни сабтином дар қаламрави Узбакистон аз се ҳадди аққал то як ҳафтаро, баррасӣ намояд.

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон 19 марти соли 2018 созишномаи имзошудаи "Дар бораи сафарҳои мутақобилаи шаҳрвандон"-ро ба тасвиб расонд, ки тибқи он шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон метавонанд бидуни гирифтани раводид дар ҳудуди кишварҳои ҳамдигар то 30 рӯз монанд, аммо дар айни ҳол, онҳо бояд худро сабтином кунанд, агар сафарашон аз се шабонарӯз зиёдтар тӯл кашад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала