Рустам Эмомалӣ пешниҳоди мотосиклсаворони Душанберо қабул кард

© © Sputnik / Амир ИсаевПразднование Навруза в Наврузгохе, архивное фото
Празднование Навруза в Наврузгохе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
"Ба клуби мототсиклронҳои "Ирбис МСС Тоҷикистон" барои баргузор намудани чорабиниии "Кушодашавии мавсими мототсиклронӣ-2018" санаи 27 апрели соли 2018, аз соати 1000 то соати 1200 иҷозат дода шавад",- омадааст дар қарори шаҳрдори Душанбе

ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ пешниҳоди мотосиклсаворони Душанберо  қабул кард. Раиси шаҳр ба онҳо иҷоза дод, ки 27 апрел маросими "Кушодашавии мавсими мототсиклронӣ-2018"-ро баргузор кунанд.

Бино бар иттилои равобити умуми Шаҳрдории Душанбе, дар ин бора қарори раиси шаҳр ба тавсиб расидааст.

"Ба клуби мототсиклронҳои "Ирбис МСС Тоҷикистон" барои баргузор намудани чорабиниии "Кушодашавии мавсими мототсиклронӣ-2018" санаи 27 апрели соли 2018, аз соати 1000 то соати 1200 иҷозат дода шавад",- омадааст дар қарори шаҳрдори Душанбе.

Макони ҷамъшавӣ ва бақайдгирии иштирокчиён дар Муассисаи давлатии "Наврӯзгоҳ" аз соати 10:00 то 11:00 муайян карда шудааст.

Ҳаракати мотосиклсаворон бо раҳнамоии автомобилҳои роҳбонии шуъбаи БДА аз хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ба самти кӯчаи Карамов — хиёбони Рӯдакӣ, гардиш ба тарафи рост то чорроҳаи хиёбони Рӯдакӣ — кӯчаи Бухоро, гардиш ба кӯчаи Бухоро — Турсунзода, гардиш ба тарафи рост — кӯчаи Шоҳтемур, ҳаракат то роҳи ҳалқавии гардиши Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Комбинати хӯроквории Тоҷикистон" ва баромад ба кӯчаи Дӯстии халқҳо то Муассисаи давлатии "Боғи «Ғалаба" ва нигоҳдории ҷангал ба роҳ монда шавад.

 Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва тандурустии шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии ҳаракат дар роҳ, амнияти шаҳрвандон, ӯҳдадор шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0