Се бар ду: пирӯзии "Истиқлол" ба тими "Алай"-и Қирғизистон

© SputnikМатч "Истиклол" - "Алай"
Матч Истиклол - Алай - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ёдовар мешавем, ки баъди ин пирӯзӣ дастаи "Истиқлол" соҳиби 3 имтиёзи гашта, мавқеи худро дар садри ҷадвал устувор намуд

ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Дастаи "Истиқлол"-и Тоҷикистон дар доираи бозиҳои даври 4-уми Ҷоми КФО-2018 дар гурӯҳи "D" бо тими  футболи "Алай"-и Қирғизистон қувваозмоӣ намуда, бо ҳисоби 3 бар 2 ғолиб омад.

Бозӣ дар варзишгоҳи "Аҳматбек Суюмбоев"-и шаҳри Ош сурат гирифта, бо ҳисоби 2:3 бо пирӯзии меҳмонон хотима ёфт. Голҳоро дар ҳайати дастаи "Истиқлол" Фатҳулло Фатҳуллоев, Ромиш Ҷалилов, Дилшод Восиев ва дар ҳайати дастаи "Алай" Улуғбек Рисқулов ва Алия Сила ба дарвоза расониданд.

Ёдовар мешавем, ки баъди ин пирӯзӣ дастаи "Истиқлол" соҳиби 3 имтиёзи гашта, мавқеи худро дар садри ҷадвал устувор намуд.

Пештар хабар дода шуд, ки "Истиқлол" дар бозии даври сеюми Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё тими "Алай"-ро мағлуб кард.

Дар ин вохӯрии ҷолиб дастаи футболи "Истиқлол"-и Тоҷикистон бар дастаи "Алай"-и Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Ягона голи ин дидорро бозингари шинохтаи дастаи футболи "Истиқлол" Фатҳулло Фатҳуллоев дар дақиқаи 48 ба ҳадаф расонид.

Бояд зикр кард, ки вохӯрии дастаҳои футболи "Истиқлол" ва "Алай"-ро дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор 8500 нафар мухлисон тамошо карда, ҳаловат бурданд.

Лентаи хабарҳо
0